Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар Туркия аз воситаҳои нақлиётии калонҳаҷм бо маҷмӯи тиббии сайёр шинос шуд.
Тавре аз Вазорат иттилоъ доданд, мақсад аз сафари вазир ба Ҷумҳурии Туркия гузаронидани комиссияи инспектсионӣ ҷиҳати қабули маҷмӯи тиббии сайёр дар доираи татбиқи маблағгузории бебозгашт, ки аз ҷониби Барномаи хайриявии Бонки Исломии Рушд барои харидорӣ ва истифода намудани маҷмӯи тиббии сайёр дар баъзе давлатҳо амалӣ карда мешавад, мебошад. Дар доираи Барномаи мазкур тавассути Бонки Исломии Рушд барои таъсиси панҷ маҷмӯи тиббии сайёр маблағҳои грантӣ ҷудо гардидааст.
Ба гузориши манбаъ зимни сафари кории хеш вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз корхонаи саноатии Сакараяи Ҷумҳурии Туркия дидан намуда, бо маҷмӯи тиббии сайёр, яъне воситаҳои нақлиётии калонҳаҷме, ки интизор аст ба Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол дода шаванд, шинос гардид. Қайд карда шуд, ки тибқи муқаррарот Бонки мазкур тавассути озмуни байналмилалӣ ширкати «Нормека»-ро (Норвегия) ҳамчун оператори пешниҳоди маҷмӯи тиббии сайёр интихоб намудааст. Маҷмӯи тиббии сайёр воситаҳои нақлиёти калонҳаҷм буда, дарозиашон тибқи стандартҳои аврупо 18 метр ва баландиашон 4,2 метр мебошанд, ки дар он ҳуҷраҳои гуногун, аз ҷумла акушерӣ, офталмологӣ, кардиологӣ, ултрасадо, рентгени рақамӣ ва таҷҳизот барои эндоскопияи хурд муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Дар баробари ин, дар доираи барномаи мазкур воситаҳои нақлиёти махсусгардонидашудаи ёрирасони клиникаҳои сайёр пешниҳод карда мешаванд, ки онҳо барои дастрас намудани беморон аз деҳаҳои дурдасти кӯҳӣ то ба клиникаҳои сайёр хизматрасонӣ менамоянд.
Бояд қайд намуд, ки Созишнома 27 октябри соли 2014 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд ба имзо расида, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 декабри соли 2014, №1712 тасдиқ (ратификатсия) гардидааст.