Дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ғолиби мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021” дар Мински Беларус шуд.
Дар ин мусобиқа дастаи наврасони Тоҷикистон бо ҳисоби калони 7 бар 1 мунтахаби наврасони Қазоқистон ва бо ҳисоби 5 бар 1 наврасони Молдоваро шикаст дода буданд. Дар даври ҷамъбастии мусобиқа бошад, наврасони Тоҷикистон бо ҳисоби 4 бар 1 соҳибони майдонро шикаст доданд. Дар ҳайати мунтахаби наврасони Тоҷикистон Аббос Андалибов, Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Сунатулло Азизов ва Амирҷони Фаррухзод ба задани гол муваффақ шуданд. Ба ин тартиб, дастаи мунтахаби наврасони то 17 солаи Тоҷикистон дар се бозӣ ғолиб омада, бо 9 имтиёзи имконпазир ғолиби мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021” дар Минск шуд.
Бино ба иттилои ФФТ Аз рӯи натоиҷи ҷамъбасти мусобиқа дарвозабони дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон Сафармад Ғафоров – беҳтарин дарвозабон, капитани дастаи мунтахаби наврасони мо Меҳрубони Абдурауф – беҳтарин муҳофизатгар ва ниммуҳофизи даста – Хусрав Тоиров унвони беҳтарин бозигари “Ҷоми рушд-2021”-ро соҳиб шуданд.
Хотирасон мешавем, ки тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев аллакай омодагиро ба мусобиқаи мазкур дар базаи Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар дараи Алмосии Ҳисор шуруъ кард. Шогирдони Аҳлиддин Турдиев соли гузашта дар “Ҷоми рушд” то финал баромада буданд.
Бояд гуфт, ки “Ҷоми рушд-2021” барои футболбозони навраси мо як марҳилаи омодагӣ ба Чемпионати Осиё маҳсуб меёбад. Дар 19-ум Чемпионати Осиё миёни наврасони то 17-сола, ки имсол дар Баҳрайн доир мешавад, Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бозӣ мекунад, ки ҳарифонаш дастаҳои мунтахаби наврасони Уммон, Яман ва АМА ҳастанд.