Беш аз 513 ҳазор шартномаи суғуртавӣ ва воридшавии 26,5 миллион сомонӣ дар даврони пандемия

  Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар ҷумҳурӣ новобаста ба таъсири манфии пандемияи COVID-19 513 ҳазору 660 шартномаи суғуртавиро бо КВД «Тоҷиксуғурта» ба имзо расониданд, ки аз ин ҳисоб 26,5 миллион сомонӣ ҳаққи суғуртавӣ ба корхона ворид гардид, – таъкид дошт директори генералии он Шуҳрат Мақсудзода зимни нишасти матбуотӣ.

      Ҳамчунин зикр карда шуд, ки  КВД «Тоҷиксуғурта» ба 5113 нафар зарардидагон ҷуброни суғуртавиро ба маблағи умумии 4,8 миллион сомонӣ пардохт намуд, ки 18,3 фоизи маблағи умумии ҳаққи суғуртавии воридгардидаро ташкил медиҳад. Хотиррасон мекунем, ҳоло корхонаи мазкур бо 22 намуди суғурта, аз ҷумла 13 намуд суғуртаи ҳатмӣ ва 9 намуд суғуртаи ихтиёрӣ хизматрасониро ба роҳ мондааст ва дар соли 2020 ба бандҳои дахлдори Қоидаи суғуртаи ихтиёрӣ аз ҳолатҳои нохуш ва беморӣ тағйиру иловаҳоро дар самти ҳолати суғуртавӣ шуморидани суроятёбӣ аз бемории коронавирусро ворид намуда, онро дар мувофиқа бо Бонки миллии Тоҷикистон  мавриди истифода қарор дод.

                                     Шоистаи Аҳмад

                                  радиои “Тоҷикистон”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *