Давоми соли гузашта аз тарафи Раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар беш аз 30 шаҳру ноҳия санҷишҳо гузаронида шудааст.
Ба гуфтаи раиси Кумита Маҳмадсаид Зувайдзода мутахассисони Кумита ҳолати воқеиро дар маҳал мавриди омӯзиш ва санҷиш қарор дода, аз натиҷаи санҷиш барои ислоҳи камбудиҳо ба мақомоти шаҳру ноҳияҳои ба санҷиш фаро гирифташуда мактуби расмӣ фиристониданд. Дар иртибот ба натиҷаи ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта аз сӯи мақомоти марбута ба Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати мамлакат маълумот ироа гардид.
Вобаста ба баланд бардоштани сифати лоиҳаҳо ва санъати меъморӣ Маҳмадсаид Зувайдзода дар нишасти матбуотӣ изҳор дошт, ки дар ин самт Комиссияи байниидоравӣ оид ба баррасии пешакии лоиҳаи биноҳои маъмурӣ, ҷамъиятӣ ва истиқоматӣ таъсис дода шуда, барои дуруст ба роҳ мондани ҷойгиршавии биноҳо ва ба талаботи имрӯза ҷавобгӯ будани тарҳ ва намои биноҳо хулосабарорӣ намуда, ба лоиҳакашон тавсияҳои зарурӣ медиҳад. Дар ин давра, дар маҷмӯъ 371 лоиҳаҳои ангоравӣ ва корӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуда, 267-тои он бо таклифу пешниҳодҳои зарурӣ ва бо инобати он дар лоиҳаҳои корӣ қобили қабул ҳисобида шуда, барои пешниҳод ба Раёсати экспертиза тавсия дода шуд. 104 лоиҳаи дигар бо назардошти ба талабот ҷавобгӯ набудани сифати ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида, тарҳ ва намои бинову иншоот ва зарурати пешниҳоди иловагӣ барои такмил ва тасҳеҳи минбаъда баргардонида шуданд.
Ба иттилои расонаҳо дар нишаст, ҳамчунин гуфта шуд, ки таҳияи нақшаҳои генералии 64 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон пурра ба анҷом расонида шуда, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, мавриди амал қарор доранд.
Инчунин, дар ҷумҳурӣ дастури ҳукумат аз соли 2018 амал мекунад, ки мувофиқи он бояд дар деҳотҳо ба сохтмони манзилҳои ду ҳатто сеошёна афзалият дода шавад. Ба гуфтаи “Спутник” ин тавсия нисбати он шаҳрвандоне амалӣ карда мешаванд, ки биноҳои нави истиқоматӣ месозанд.