Дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд тавзеҳоти стандарти «Зардолуи тару тоза-FFV-02” ва стандарти «Гелос- FFV-13» таҳия гардида, лоиҳаи стандартҳои мазкур барои баррасӣ пешниҳод карда шуд. Лоиҳаи Стандарти давлатии СТҶТ 1114-2020 «Равзанаи нахли софкардашудаи хушбуйгардонидашуда барои саноати хӯрокворӣ» таҳия ва қабул карда шуд, ин матлаб дар нишасти матбуотӣ аз ҷониби Темурҷон Абдулвахобзода директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо зикр шуд.
Пештар аз ин стандарти зардолуи хушк кабул шуда буд, акнун бо қабули стандарти зардолуи тару тоза ва гелос дар бозорҳои ҷаҳон роҳ ба ин маҳсулоти ватанӣ боз хоҳад шуд.
Ҳамчунин таъкид шуд, ки бо назардошти талаботи замон дар Агентӣ барномаи низоми «Маҳзани элктронии стандартҳо» омода шудааст ва ҳар як субъект имкон дорад, оид ба ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ маълумот дастрас намояд. Ба махзани мазкур соли 2020-ум 1110 номгўи ҳуҷҷатҳо ворид карда шуда, теъдоди умумии ҳуҷҷатҳои техникӣ ба 14 259 адад расонида шуд.
Ш.Аҳмад