Рақобат барои «Донишҷӯи сол-2021» оғоз гардид

Бо қарори раиси вилояти Суғд  соли ҷорӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии вилояти Суғд озмуни вилоятии «Донишҷӯи сол-2021» гузаронида мешавад.

Гуфта мешавад, ки озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани самаранокии сиёсати давлат нисбат ба ҷавонон, ҳавасманд намудани донишҷӯёни болаёқат ва ба ин васила ҷалби онҳо ба донишандӯзию илмомӯзӣ, ҳамчунин тавсеи тафаккури техникии ҷавонон гузронида хоҳад шуд.

Хотирасон мешавем, ки соли гузашта Мавзуна Хабилова, Аслия Абдуллоева, Гулбаҳор Умарова, Рустам Қориев, Манижа Ҳидоятова, Ситора Устобобоева, Дилноза Абдурасулова, Муҳайё Абдусатторова, Исроилҷон Мавҷудахонӣ дар озмуни вилоятии “Донишҷӯи сол-2020” аз рӯи равияҳои фанҳои дақиқ ва гуманитарӣ баранда гардида, бо маблағҳои пулӣ дар ҳаҷми аз 800 сомонӣ то 3000 сомонӣ мукофотонида шуданд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *