250 млн сомонӣ зарари молиявӣ муайян гардид

Давоми соли гузашта аз вазорату идораҳо, марказ ва гурӯҳҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ, бонкҳо, субъектҳои хоҷагидорӣ ва дигар муассисаҳои буҷетӣ беш аз 250 млн сомонӣ зарари молиявӣ муайян карда шуд.

Дар шарҳи ин рақам раиси Палата Чиллазода Қарахон зимни нишасти матбуотӣ қайд намуд, ки аз маблағи умумии зарари молиявии ошкоргардида, хароҷотҳои ғайриқонунии пулию молӣ 78,6 млн сомонӣ, камомад ва тасарруфи воситаҳои пулию молӣ, 42,2 млн сомонӣ, изофанависӣ дар корҳои таъмиру сохтмон 32,8 млн сомонӣ, зарар аз фурӯш ва иҷораи амволи давлатӣ 208 млн сомонӣ, талафи воситаҳои палию молӣ 5,2 млн сомонӣ, талафи буҷет аз ҳисоби маблағҳои кам ҳисобгардида ва рӯйпушнамудаи андозҳо 51,3 млн сомонӣ, пардохтҳои ҳатмӣ ва дигар пардохтҳо 38,4 млн сомонӣ ва пардохт накардани суди саҳмияҳои ба давлат тааллуқдошта 779,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Гуфта шуд, ки ҷиҳати бартараф намудани камбудию норасоиҳои молиявӣ ба вазорату идораҳо ва корхонаву муассисаҳо пешниҳодот ирсол карда шуда, барои содир намудани камбудиҳо ба 374 нафар муҷозотҳои интизомӣ ва моддӣ татбиқ гардиду 4 нафар аз вазифаашон озод карда шуданд.

ГУЗОРИШИ ВИДЕОӢ

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *