Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни як мулоқот роҷеъ ба густариши равобити Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар соҳаҳои сиёсию иқтисодӣ, инчунин ҳамкорӣ дар чорчӯби барномаҳои АРБИМА ва дигар абзорҳои иртиботӣ табодули афкор намуданд.
Бино ба иттилои ВКХ ҷонибҳо, ҳамчунин ишора намуданд, ки идомаи иқдомҳои муштарак ҷиҳати пешгирии паҳншавии сирояти нави коронавирус (COVID-19) муҳим мебошад.
Як рӯз қабл аз ин мулоқот, сафорати ИМА дар шаҳри Душанбе иттилоъ дод, ки Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА (CDC) ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон таҷҳизоти лабораторӣ, реактивҳо ва маводҳои дигари заруриро тақдим кард.
“Таҷҳизот барои санҷишҳои реагентҳо барои ташхиси COVID-19 мусоидат мекунанд. Кормандони лаборатория онҳоро на танҳо дар мубориза бо COVID-19, балки барои ташхиси дигар сироятҳо низ аз онҳо истифода бурда метавонанд”, – гуфтааст манбаъ.
Гуфта мешавад, ки Маркази назорат ва пешгирии бемориҳои ИМА таҳвили ин ашёро дар доираи лоиҳаи ҷории худ дар Тоҷикистон ташкил намудааст ва дар доираи ин лоиҳа аллакай 643 корманди соҳаи тандурустии шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд оид ба чораҳои асосии мубориза бо сироят омӯзонида шудаанд. Ҳамчунин, ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар таҳияи роҳнамо оид ба назорати сироят, муайян кардани монеаҳо барои назорати самаранок бо COVID-19 ва дар арзёбии 18 муассисаи тандурустӣ дар се шаҳр кумак кардааст.