Паёми “Тоҷикистон”: Ба модари чоргоник хонаи сеҳуҷрагӣ ҷудо карданд

Обу Ҳаво

Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар шаҳри Бохтар ҳаво шабона 2+4° гарм, рӯзона 17+19 гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 14+19° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -2+3, рӯзона 7+12° гарм мешавад.

Дар шаҳри Хоруғ ҳарорати ҳаво шабона 13-15° хунук, рӯзона 2+4 гарм мешавад. Дар ғарби ВМКБ шабона 4-9° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 хунук, рӯзона 0+5° гарм, дар шарқи вилоят шабона 20-25° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 28-33° хунук (дар мавзеи Булункӯл то 44-46° хунук), рӯзона 5-10° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 13-18° хунук мешавад.

5 феврал ҳарорати ҳаво дар шаҳри Хуҷанд тағйирёбандаи бебориш шуда, шабона 3+5° гарм, рӯзона 12+14 гарм мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои вилояти Суғд ҳаво тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман)-и тунук  пешгӯӣ шуда, дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 11+16° гарм дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12° хунук, рӯзона 2+7° гарм мешавад.

Дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш гуфта мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона -1+1°, рӯзона 14+16° гарм мешавад. Дар НТҶ ҳавои камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш буда, ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 13+18° гарм дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 хунук, рӯзона -2+3°, дар баъзе ноҳияҳо 5+10° гарм мешавад.

Қурби асъор

1 доллари ИМА — 11.3022 сомонӣ;

1 евро – 13.5544 сомонӣ;

1 рубли русӣ — 0.1484 сомониро ташкил медиҳад.

Тақвими рӯз

5 феврали соли 1850 дар ИМА арифмометр  ихтироъ карда шуд.

5 феврали соли 1991 пойтахти Қирғизистон аз Фрунзе ба Бишкек тағйири ном кард.

 Соли 1919т дар Германия миёни шаҳрҳои Берлин ва  Веймар аввалин хатсайри ҳавоӣ ифтитоҳ гардид.

Соли 1952 дар яке аз кӯчаҳои Ню-Йорк аввалин маротиба дар таърих дар гузаргоҳ чароғаки роҳ насб карда шуд.

5 феврали соли 2015 бо супориши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба аҳли оилаи модари ҷавон Гулшан Маҷнунова, ки чоргоник таваллуд кард, хонаи сеҳуҷрагӣ ҷудо карда шуд.

Дар ин рӯзи соли 2017 дар шаҳри Давҳа мулоқоти Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо доираи сармоягузорию молиявии Давлати Қатар баргузор шуд.

Имрӯз Рӯзи байналмилалии интернети бехатар буда, Рӯзи Конститутсия дар Мексика, Рӯзи ваҳдати миллии Покистон бо Кашмир, Рӯзи парчам дар Финландия ва Рӯзи президент дар Конго таҷлил карда мешавад.

Зодрӯз

Бихадичаи Аҳмад (1968)- нависандаи узбекзабони Тоҷикистон.

Искандар Қаландаров (1936- 2010)- арбоби ҳизбӣ, Корманди шоиста маданияти Тоҷикистон.

Қудратшоҳи Одина (1950) – шоир.

Сафаралӣ Қурбонов (1947) – арбоби фарҳангӣ, Корманди шоистаи маданияти Тоҷикистон, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон, Ҳунарпешаи Шоистаи ҷумҳурӣ.

Мавлониддин Пўлодов (1948)- нависанда, Корманди шоистаи Тоҷикистон.

Имомалӣ Раҳмонов (1969)- устоди рақс, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон.

Раҷабалии Худоёр (1960)- шоир, адабиётшинос.

Оташ Неъмат (Додобоев) (1953) – шоир.

Бозор Сафаралиев (1956) – доктори илми педагогӣ.

Ҳаитов Аҳмадҷон (1947) – доктори илми кишоварзӣ, профессор.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *