Дар идомаи сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи Сартуқайи деҳоти Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд дар бунёди боғи интенсивӣ, ташкили гармхонаи замонавӣ ва оғози кишти картошка иштирок карданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин макони хушбоду ҳаво, ки дар соҳили дарёи Сир ҷойгир аст, ниҳол шинониданд ва ба ташаббускорон барои ин иқдоми шоиста комёбӣ орзу карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамин мавзеъ хати нав барои обрасонии боғотро ба истифода доданд. Хати нави обёрӣ дар масофаи 2 км аз дарёи Сир кашида шуда, ба хотири обёрии пурраи ҳудуди боғи интенсивӣ дар 40 нуқта ҷумакҳо гузошта шудаанд.
Боғи интенсивӣ аз тарафи роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Боғпарвари Суғд” Абдумубин Абдушукуров дар масоҳати 15 гектар аз ҳисоби майдони боғоти кӯҳна ташкил гардида, дар он навъҳои пешпазаки зардолуи испании “Сунамӣ” ва бодоми испании навъҳои “Лаурен” ва “Гуарра” шинонида шудаанд. Тадбири мазкур дар заминаи дастуру супоришҳои Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, мақсад аз он саҳмгузории бештар дар татбиқи амалии марҳилаи сеюми Барномаи давлатии бунёду барқарорсозии боғу токзор барои солҳои 2016-2020 арзёбӣ шуд.
Иқдоми навбатии роҳбарияти олии сиёсии Тоҷикистон дар самти дастгирии кишоварзон дар бораи аз андози ягонаи замин озод кардани хоҷагидорон дар соли 2021 боиси дилгармии ҷомеаи меҳнатии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Боғпарвари Суғд” гардида, онҳо саъй доранд, ки ҳиссаи хешро дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат бештар созанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми солона ба Маҷлиси Олии мамлакат таъкид доштанд, ки дар доираи татбиқи барномаҳои соҳавӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ майдони боғу токзор ба беш аз 200 ҳазор гектар расонида шуд, ки нисбат ба соли 1991-ум 2,2 баробар зиёд мебошад. Дастгириҳои давлатӣ ва сердаромад будани бахши боғдорӣ имрӯзҳо сокинони мамлакатро дар самти фаъолияти хоҷагидорӣ бештар ҳавасманд кардааст.
Феълан хоҷагидорон бештар ба ташкили боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд. Ба андешаи мутахассисон, боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ назар ба боғи анъанавӣ серҳосилу фоидаовар мебошанд. Давоми чанд соли охир дар боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ асосан ниҳолҳои зардолу, себ, олу ва шафтолу парвариш карда мешаванд.
Роҳбари давлат бо боғпарварон суҳбат намуда, иброз доштанд, ки ташкили боғҳои нав бо риояи тавсияҳои олимону мутахассисон ба роҳ монда шавад. Бунёди боғҳои нави интенсивӣ имкон медиҳад, ки ҷойҳои нави корӣ фароҳам гардида, содироти меваҳои шаҳдбор ба хориҷи мамлакат афзун гардад.
Бино ба таҳлили боғдорони соҳибтаҷриба, аз як бех ниҳоли дар боғи интенсивӣ парваришёфта ба қадри кофӣ ҳосил гирифтан мумкин аст. Афзалияти боғҳои интенсивӣ ва суперинтенсивӣ- ин пеш аз ҳама, таъмини зичии ғунҷоиши ниҳолҳо дар як гектар ба ҳисоб меравад. Ҳосилбандиаш низ барвақт шурӯъ мегардад. Дар 27 гектар замине, ки дар ихтиёри ҶДММ “Боғпарвари Суғд” гузошта шудааст, 2 ҳазору 720 бех ниҳоли зардолу парвариш меёфт, ки умри 40-50 сола доштанд. Танҳо дар 10 гектар боғи интенсивии навбунёд 10 ҳазор бех ниҳолҳои ба иқлими минтақа мувофиқи воридотӣ шинонида шудаанд.
Бо дарназардошти дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Рахмон ва ҷиҳати иҷрои нишондиандаҳои Паёми солонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат, аҳли заҳмати ин хоҷагӣ бо усули зери плёнка кишти картошкаи навъи “Алладин”-ро дар байни қаторҳои боғи нав ба роҳ монданд. Ин усули парвариши картошка таҷрибаи судовар буда, аллакай моҳи апрел ҳосили он пухта мерасад. Зимнан, тадбири мазкур ба хотири мақсаднок истифода шудани замин рӯи даст гирифта шудааст. Зеро дар натиҷаи таъсири манфии пандемияи коронавирус вазъи таъминоти аҳолӣ бо ғизо душвор гардида, эҳтиёҷ ба навъу намудҳои гуногуни маҳсулоти озуқаворӣ, аз ҷумла картошка бештар мегардад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кори аҳли заҳматро намунаи ибрат арзёбӣ намуда, дастур доданд, ки ба таври зарурӣ ва бо истифода аз иқтидори мавҷуда кишту парвариши намудҳои гуногуни маҳсулоти кишоварзӣ роҳандозӣ карда шавад. Чунки вазъияти таъминоти маводи озуқаворӣ дар саросари ҷаҳон нигаронкунанда буда, таъсири он махсусан дар давраҳои баъдибуҳронӣ ба кишвари мо низ мерасад. Аз ин хотир танҳо истифодаи мақсадноки неъматҳои табиӣ, аз ҷумла обу замин имкон фароҳам меорад, ки Тоҷикистон ҳарчи пештар ба стратегияи таъмини амнияти озуқаворӣ ноил гардида, таъминоти аҳолиро бо маҳсулоти худӣ комилан ба роҳ монад.
Дар ҳамин мавзеъ роҳбарияти Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Боғпарвари Суғд” ба Пешвои миллат гармхонаи замонавиро муаррифӣ карданд. Ин иншоот ба тариқи замонавӣ дар масоҳати 5 гектар дар ояндаи наздик бунёд хоҳад гардид.
Сарвари давлат ба масъулини ширкат дастур доданд, ки ҷараёни бунёди гармхонаро дар ин минтақа тезонанд, зеро ноҳияи Бобоҷон Ғафуров пойгоҳи аслии таъминоти сокинони шаҳри Хуҷанд бо маҳсулоти барвақтии кишоварзӣ маҳсуб меёбад ва ба истифодаи зарфияти аграрии ноҳия бобати таъминоти аҳолӣ бо ғизо мусоидати фаъол хоҳад кард.