Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон пас аз бозии аввали дӯстона бо дастаи миллии Урдун як рӯз истироҳат карда, 3 феврал омодагӣ ба бозии дуввумро дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Дубай оғоз кард. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад.
Бозии дуввуми дӯстона байни дастаҳои миллии Урдун ва Тоҷикистон рӯзи ҷумъа, 5 феврал дар варзишгоҳи Ассотсиатсияи футболи Амороти Муттаҳидаи Араб, соати 18:00 ба вақти маҳаллӣ (соати 19:00 ба вақти Душанбе) баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки бозии аввали дӯстонаи дастаи миллии Тоҷикистон ва дастаи миллии Урдун бо пирӯзии урдуниҳо бо ҳисоби 2:0 хотима ёфта буд.