Имрӯз 4 феврали соли 2021, панҷанбе мебошад.
Обу ҳаво
Имрӯз дар шаҳри Бохтар ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шуда, ҳарорати ҳаво шабона 1+3° гарм, рӯзона 16+18° гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 14+19° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -3+2°, рӯзона 9+14° гарм мешавад.
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарорати ҳаво дар шаҳри Хоруғро шабона 15-17° хунук, рӯзона -1+1° гуфтааст. Дар ВМКБ ҳаво камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш шуда, дар ғарби вилоят шабона 5-10° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 хунук, рӯзона 0-5° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 0+5 гарм, дар шарқи вилоят шабона 23-28° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 30-35° хунук (дар мавзеи Булункӯл то 43-45° хунук), рӯзона 5-10° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 12-17° хунук (дар мавзеи Булункӯл то 22-24° хунук) мешавад.
Ба иттилои манбаъ имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ҳавои камабри бебориш дар назар буда, ҳарорати ҳаво шабона 1-3° хунук, рӯзона 13+15° гарм мешавад. Дар вилояти Суғд барои 4 феврал ҳарорати ҳаво камабр, дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман)-и тунук гуфта мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -3+2°, рӯзона 10+15° гарм дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13° хунук, рӯзона 3+8° гарм мешавад.
Агентии обуҳавошиносӣ иттилоъ медиҳад, ки дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш шуда, шабона 0-2° хунук, рӯзона 13+15° гарм мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои НҶТ ҳаво тағйирёбандаи бебориш гашта, дар водиҳо шабона -2+3°, рӯзона 11+16° гарм дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 хунук, рӯзона 1+6° гарм, дар баъзе ноҳияҳо 5+10 гарм мешавад.
Қурби асъор
Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон) чунин муқаррар кардааст:
1 доллари ИМА — 11.3022 сомонӣ;
1 евро – 13.5803 сомонӣ;
1 рубли русӣ — 0.1482 сомониро ташкил медиҳад.
Тақвими рӯз
4 феврал Кумитаи бехатарии озуқавории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2020 нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.
Нишасти матбуотии Агентии назорати маводи нашъаовар соати 09:00 дар бинои Агентии мазкур доир мешавад.
Палатаи ҳисоб нишасти матбуотиро соати 09:00 дар маҷлисгоҳи Палатаи ҳисоб мегузаронад.
Нишасти матбуотии Кумитаи бехатарии озуқаворӣ соати 10:00 дар Кумитаи мазкур (кӯчаи Теҳрон, 21) барпо мешавад.
Нишасти матбуотии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак соати 11:00 дар бинои Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, воқеъ дар кӯчаи Бохтар, 10 баргузор мешавад;
4 феврали соли 1861 дар ИМА ҷанги шаҳрвандӣ оғоз шуд;
Ҳамин рӯзи соли 1934 миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ҷумҳурии Венгрия муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуданд;
Дар ин рӯзи соли 1976 дар натиҷаи заминҷунбӣ дар Гватемала 23 ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд;
4 феврали соли 1985 қатъномаи СММ дар бораи манъ кардани шиканҷа қабул гардид;
Соли 2003 Конститутсияи Сербия ва Ченогория қабул карда шуд;
4 феврали соли 2004 Марк Сукерберг сомонаи «Thefacebook»-ро дар суроғаи thefacebook.com фаъол намуд. Имрӯз ин сомона ҳамчун машҳуртарин ва бузургтарин сомонаи иҷтимоӣ – Facebook дар ҷаҳон буда, Марк Сукерберг сарватмандтарин шахси олам ба шумор меравад;
Дар ин рӯзи соли 2015 аз ҷониби Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ангораи ҷашни Наврӯз тасдиқ карда шуд. Ангора бо фарогирии партавфишонии Парчами ҷумҳурӣ, нурафшонии офтоб, сабза ва шукуфаҳои дарахтон, тоҷ ва бо дарбаргирии шакли кураи замин бо истифодаи ранги сабз ва майсаҳои навхез, ки оғози бедоршавии фасли баҳору гармии рӯзгор аст, таҷассум гардидааст;
Имрӯз Рӯзи байналмилалии мубориза бо бемории саратон, дар Шри-Ланка Рӯзи истиқлолият ва дар Ангола Рӯзи муборизаҳои мусаллаҳона қайд карда мешавад.
Зодрӯз
Латиф Комилӣ (1954) – мутриб, Ҳунарпешаи шоистаи Тиҷикистон.
Аламхон Кӯчаров (1946) – доктори илми филологӣ, профессор.
Муравин Семён (1907 – 1974) – консертмейстр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.
Муҳаммадзода Нодира (1986)- шоира.
Суҳроби Маҳмуд (1975)- сароянда.
Шевченко Всеволод (1905-1949)- кинооператор, Ходими шоистаи ҳунари Тоҷикистон.
Туғрал Шокиров (1953)- доктори илми филологӣ, профессор.
Ҳабиб Юсуфӣ (1916 – 1945) – шоир.