Пандемия донишҷӯёни хориҷии ДДТТ-ро бештар кард

Новобаста ба пандемияи COVID-19 шумораи  муҳассилини хориҷӣ дар МДТ “ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино” дар ҳоли афзоиш буда, айни замон дар Донишгоҳ 1601 нафар муҳассилини хориҷӣ аз 14 давлати дунё, аз ҷумла Канада, ИМА, Латвия, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Эрон, Арманистон, Туркманистон, Федератсияи Россия, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Ӯзбекистон, таҳсил карда истодаанд.

 Дар ин хусус зимни нишасти хабарӣ ректори ДДТТ Маҳмадшоҳ Гулзода   иттилоъ дод. Ҳамчунин зикр гардид, ки дар ДДТТ ба номи Абӯалӣ ибни Сино  7 Шӯрои диссертатсионӣ фаъолият менамоянд, аз инҳо як Шӯро  дар назди Комиссияи олии аттестатсионии Федератсияи Россия ва 6- тои дигар дар дар назди Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият дорад. “Соли 2020 2 шӯрои нав ба фаъолият шуруъ намуд ва 29 рисолаи илмӣ ҳимоя шудааст, ки аз онҳо, 4 рисолаи докторӣ ва 25 рисолаи номзадӣ мебошад ва боиси тазаккур аст, ки соли 2020 бори аввал дар Донишгоҳ ҳимояи рисолаи докторанти PhD гузаронида шуд”-зикр намуд ректори ДДТТ Маҳмадшоҳ Гулзода дар нишасти матбуотӣ. 

  Ш.Аҳмад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *