Дар моҳҳои январ-декабри соли 2020 тавассути ҳама намуди нақлиёт 79 млну 885 ҳазор тонна бор ва 654 млну 698 ҳазор мусофир интиқол дода шудааст.
Ба ҳолати имруза дар бозори хизматрасониҳои нақлиёти автомобилӣ 1711 субъекти хоҷагидор, аз ҷумла 221 корхонаҳои нақлиётӣ (90 мусофирбар ва 131 боркаш) 51 терминали мусофирбарӣ, 11 терминали боркашонӣ ва 1331 нуқтаи таъмир ва хизматрасонии техникии таъмири нақлиёт ва 77 қароргоҳи нақлиёти автомобилӣ, инчунин 886 хатсайри мусофирбарии шаҳрӣ, наздишаҳрӣ, байнишаҳрӣ ва байналмиллалӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Шоистаи Аҳмад
радиои “Тоҷикистон”