Паёми “Тоҷикистон”: Лоиҳаи санҷишии Google барои мубориза бо терроризм

Имрӯз – 3 феврали соли 2021, 33-юмин рӯзи сол, чоршанбе.

Обу ҳаво

3 феврал ҳаво дар шаҳри Бохтар тағйирёбанда шуда, шабона 4+6° гарм, рӯзона 15+17° гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳаво асосан бебориш дар назар буда, танҳо дар баъзе ноҳияҳои водибуда боришоти сусти борон борида, дар водиҳо шабона 2+7° гарм, рӯзона 13+18° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -2+3°, рӯзона 8+13° гарм мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Хоруғ ҳарорати ҳаво шабона 11-13° хунук, рӯзона 2+4° гарм мешавад. Дар ғарби ВМКБ шабона 4-9° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 12-17 хунук, рӯзона 0-5° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 0+5 гарм, дар шарқи вилоят шабона 20-25° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 28-33° хунук, рӯзона 5-10° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 13-18° хунук мешавад.


Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавои шаҳри Хуҷандро камабри бебориш гуфтаасту  шабона 3+5° гарм, рӯзона 10+12° гарм. Дар вилояти Суғд дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш дар назар буда, ҳаво дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 8+13° гарм дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 5-10° хунук, рӯзона 1+6° гарм мешавад.

Тибқи манбаъ имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш дар назар аст. Ҳарорати ҳаво шабона 0+2° гарм, рӯзона 12+14° гарм мешавад. Дар НТҶ шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона -1+4°, рӯзона 10+15° гарм дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2-7° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 10-15 хунук, рӯзона -2+3°, дар баъзе ноҳияҳо 5+10 гарм мешавад.

Қурби асъор

1 доллари ИМА — 11.3018 сомонӣ;

1 евро – 13.6063 сомонӣ;

1 рубли русӣ — 0.1486 сомониро ташкил медиҳад.

БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».

Тақвими рӯз

3 феврал Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон», Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷамъбасти соли 2020  нишасти матбуотӣ баргузор менамоянд.

Нишасти матбуотии Вазорати нақлиёт дар якҷоягӣ бо КВД «Роҳи оҳани Тоҷикистон» соати 09:00 дар маҷлисгоҳи Вазорати нақлиёт доир мешавад.

Саридораи геология соати 09:00 дар бинои Саридораи геология нишаст меорояд.

Нишасти матбуотии Хадамоти зиддиинҳисорӣ соати 11:00 дар Хадамоти мазкур (дар бинои собиқ  БДА ҶТ «Амонатбонк»),  нишасти Палатаи савдо ва саноат соати 15:00 дар Палатаи мазкур баргузор мешавад;

3 феврали соли 1929 Ифтитоҳи Конфронси II-юми вилоятии Тоҷикистон, ки дар он нақшаи панҷсолаи якуми рушди хоҷагии халқи ҷумҳурӣ маъқул шуморида шуд;

Дар ин рӯзи соли 1976 пойтахти Мозамбик аз Лоуренсу Маркеш ба  Мапуту тағйири ном кард;

3 феврали соли 2016 дар шаҳри Душанбе механизми маблағгузории мутобиқшавӣ  ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон расман ба истифода дода шуд;

 Соли 2016 ширкати Google дар интернет барои мубориза бо тарғиби терроризм ва экстремизм лоиҳаи санҷишӣ роҳандозӣ намуд;

Имрӯз Рӯзи байналмилалии мубориза бо забони ғайримеъёрӣ буда, дар Ветнам солгарди таъсиси Ҳизби коммунистӣ, дар Мозамбик Рӯзи қаҳрамонон таҷлил мешавад.

Зодрӯз

Маҳмадсаид Аҳмадов (1955)- сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

Темур Каримов (1928 – 1989) – доктори илми таърих, профессор.

Лев Катасев (1919) – доктори илмҳои физикаю математика.

Алексей Ким (1960)- доктори илми тиб, профессор.

Котс Яков (1898 – 1973) – доктори илми тиб, профессор, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон.

Ҳаитбой Мирҳайдаров (1945)-адабиётшинос, профессор.

Собирҷон Назаров (1991)-варзишгар, боксчӣ, чемпиони Осиё.

Ҷамол Холматов (1960) –доктори илми тиб, профессор.

Шодӣ Саттор (1944) – шоири узбекзабон, мутарҷим.

Обид Шукурзода (1956)- мутарҷим.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *