Дар Тоҷикистон, соли 2020, бар далели бемории ҳамагири каронавирус шумораи издивоҷҳо ба таври назаррас коҳиш ёфтанд.
Тибқи маълумоти омории Вазорати адлия дар соли гузашта дар Тоҷикистон беш аз 67 ҳазор издивоҷ ба қайд гирифта шудааст, дар ҳоле дар соли 2019 дар кишвар 79 ҳазор издивоҷ сабти ном шуда буд. Тибқи иттилои вазорат, дар ин давра омори ҷудошавии хонаводаҳо низ коҳиш ёфтааст. Сироҷзода Саодат сардори раёсати сапти асноди ҳолати шаҳрвандї гуфт, дар соли 2020 10,5 ҳазор ҳолати ҷудошавии оилаҳоро сабт кардааст, дарҳоле ки ин нишондиҳанда дар соли 2019 ба12,4 ҳазор баробар буд.
Хуршедшо Алишоев коршиноси масоили иҷтимої дар суҳбат ба радиои Тоҷикистон гуфт, ки “сабаби асосии ҷудошавии оилаҳо пеш аз ҳама ба омода набудани ҷавонон барои зиндагии мустақилона рабт дорад”.
Маврид ба зикр аст, ки дар соли 2020 192 издивоҷи шаҳрвандони хориҷи ба қайд гирифта шудааст, ки 34 оила вилояти суѓд 10-то вилояти хатлон, ВМКБ-11, шаҳри душанбе 47 ва ноҳияҳои тобеъи Чумҳурї 300 оиларо ташкил мекунад. Нисбати бекор кардани акти никоҳи шаҳрвандони хориҷї дар кишвар 11 оила буда аз ин шумора 10-то вилояти суѓд ва 1 тои дигар дар вилояти хатлон ба қайд гирифта шудааст.
Саидов Шоҳин,
Радиои Тоҷикистон