Талоши Вазорат барои пешгирӣ аз «штамми британиягӣ”-и бемории коронавирус

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳрурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои марбута ҷиҳати пешгирӣ аз  интиқоли ки  “штамми британиягӣ”-и бемории коронавирус ба мамлакат тамоми тадбирҳои заруриро андешида истодааст.

Бо ин  мақсад вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бо нуқтаи гирифтани ташхиси бемории коронавируси нави COVID-19-и фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе шинос гардид.

Тавре дар сомонаи Вазорат иттилоъ дода шуд, дар нуқтаи гирифтани ташхиси бемории коронавирус дар фурудгоҳи мазкур ҷиҳати муайян намудани бемории сироятии коронавируси нави COVID-19, махсусан, “штамми британиягӣ”-и  коронавирус тамоми шароит ва имконоти мусоид фароҳам оварда шудааст, ки табибон дар он ба таври шабонарӯзӣ фаъолият бурда истодаанд.

“Қайд кардан ба маврид аст, ки дар дигар фурудгоҳҳои кишвар низ чунин нуқтаҳои гирифтани ташхиси бемории коронавирус фаъолият намуда истодаанд, ки ҳар ҳар нафаре аз хориҷ ба Тоҷикистон ворид  мегардад, аз муоинаи табибон  гузаронида мешавад.

Ҳамзамон, дар гузаргоҳҳои сарҳадии кишвар низ нуқтаҳои гирифтани ташхиси бемории коронавирус ба таври шабонарӯзӣ фаъолият менамоянд, ки ҳар нафари ба Тоҷикистон воридшуда аз ташхис гузаронида мешаванд”, – гуфтааст манбаъ.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *