Чанд фоиз аҳолии кишвар бо оби тозаи ошомиданӣ таъминанд?

Айни замон таъминоти аҳолии ҷумҳурӣ бо оби нушокӣ 81,4%-ро ташкил медиҳад, ё   7 млну 191 ҳазору 585 нафар бо оби тоза таъминанд.

Дар вилояти Суғд ин нишондиҳанда 83,6% ва дар вилояти Хатлон 64 %-ро ташкил медиҳад. Ин нукта дар нишасти матбуотии Кумитаи рушди маҳалли назди Президенти ҶТ аз ҷониби Раиси Кумита Қосим Роҳбар зикр гардид.

Ҳамчунин таъкид карда шуд, ки барои боз ҳам беҳтар намудани инфрасохтор дар деҳоте, ки беш аз 100 хоҷагӣ доранд,  тибқи дастури Президенти мамлакат сохтмони муассисаи томактабӣ, таълимӣ ва тиббӣ ҳатмӣ гардида, муҳлати иҷроиши ин нақша 10 солро дарбар мегирад.

                          Шоистаи Аҳмад

радиои “Тоҷикистон”

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *