Бо вуҷуди баҳравар будан аз имтиёзу дастгириҳо ва дастовардҳои бесобиқа соҳаи парандапарварӣ айни замон хостаҳои ғизоии бозори истеъмолии кишварро қонеъ карда наметавонад. Ба андешаи академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Давлатҷон Комилзода “барои таъмини шаҳрвандон барои як сол яку ним миллиард тухм ва беш аз 60 ҳазор тонна гўшти паранда лозим аст”.
Таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои хушсифат ҳанўз аз рўзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ ва бунёди давлати соҳибихтиёр яке аз масъалаҳои умдатарин ба ҳисоб меравад. Ин аст, ки асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ ба он таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамоянд. Аз ҷумла имсол низ зикр намуданд, ки «дар шароити зудтағйирёбанда ва вазъи шиддатноки ҷаҳони муосир мо ба таҳаввулоти босуръати ҷаҳони имрўза ва таъсири манфии онҳо омодагиро ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба иқтисоди «сабз» тақвияти бештар бахшем, яъне бояд, қабл аз ҳама, ба иқтидору имконияти дохилии мамлакат такя карда, барои ҳифзи амнияти озуқаворӣ боз ҳам бештар талош намоем».
Академики Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Комилзода Давлатҷон мегўяд, ки “Паёми имсола ба Маҷлиси Олии мамлакат дар соли барои мардуми шарифи Тоҷикистон воқеан таърихӣ – сиюмин солгарди истиқлоли Ватани азизамон пешниҳод гардид”. Ин ҳамсуҳбати мо мегўяд, ки “тибқи таҳлилҳо, бо пешниҳоди як қатор имтиёзҳо рушди миёнаи солонаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ давоми се соли охир 7,3 фоизро ташкил дода, ҳаҷми он дар ин давра 5 баробар афзоиш ёфтааст. Махсусан, зиёд гардидани шумораи корхонаҳои парандапарварӣ ва афзудани истеҳсоли гўшти паранда ва истеҳсоли тухм қариб як миллиард донаро ташкил дода, беш аз 5 баробар зиёд шудааст”.
Аз мушоҳидаҳо бармеояд, ки дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо иқдоми неки Пешвои миллат нуфузу мавқеи соҳаи кишоварзӣ зина ба зина боло рафта, аз ҷумла моҳипарварӣ, боғпарварӣ ба соҳаҳои муҳим табдил ёфтанд. Масалан, имтиёзи барои рушди моҳипарварӣ пешниҳодшуда ба рушди ин соҳа такони ҷиддӣ бахшида, шумораи хоҷагиҳои моҳипарварӣ соли 2020 нисбат ба соли 2017 35 фоиз зиёд шуда, истеҳсоли моҳӣ дар давраи муқоисашаванда 2,3 баробар афзуд.
Дар ҳамин ҳол академик Комилзода Давлатҷон мегўяд, ки “дар қатори дигар имтиёзҳои соҳаи кишоварзӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади дастгирии давлатии кишоварзони мамлакат ва таъмини фаровонии бозори истеъмолӣ дар Паёми навбатӣ ироа доштанд, ки соли 2021 кишоварзони мамлакат аз пардохти андози ягонаи замин озод карда шаванд”.
Барои истеҳсоли маҳсулоти ба талаботи стандартӣ ҷавобгўй дар соҳаи парандапарварӣ дар баробари бартараф намудани мушкилоти соҳавӣ ҳамкории хоҷагидорон бо олимон шарти асосӣ ба ҳисоб меравад. Тавре ҳамсуҳбати мо баён доштанд, дар ҳама маврид барои рушди минбаъдаи соҳаи парандапарварӣ истифода аз технологияҳои муосир ва ҳамзамон ҳамкории олимон бо парандапарварон бар нафъи кор аст. Академик Комилзода Давлатҷон мегўяд, ки “рушди илм ва тадбиқи он дар истеҳсолот аз шартҳои асосии бунёди ҷомеаи мутамаддин дар дилхоҳ кишвар ба ҳисоб меравад, ки ин самт низ дар Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар ҷойгоҳи хоси худро дошт, худ ҳамасола эълон намудани озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурўғи маърифат» шаҳодати дастгириҳои ҳукумати мамлакат нисбат ба дўстдорони илм мебошад ”.
Воқеан ҳам рушди илми ватанӣ барои таъмини босуботи рушди дилхоҳ соҳа мусоидат мекунад. Маҳз татбиқи хулосаҳои тадқиқоти илмӣ боис мегардад, ки соҳа рушд кунад, равнақ ёбад. Амалӣ гаштани пешниҳодоти олимони соҳаву истифодаи технологияи инаватсионӣ дар самти кишоварзӣ ба мо имконият медиҳад, ки дури мақсуд ба даст орему ҳарчӣ бештар аз пештар дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳим бошем.
Муродулло Раҳимов
радиои «Тоҷикистон»