Шикасти калони дастаи Қазоқистон аз дастаи Тоҷикистон

Дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021” дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-17) дар нахустин бозии худ дастаи Қазоқистонро шикаст доданд.

Тавре қаблан хабар дода шуд, ин мусобиқа дар Минск  баргузор гардида, варзишгарони тоҷик ҳарифи худро бо ҳисоби 7:1 мағлуб карданд ва Голҳоро аз дастаи мунтахаби Тоҷикистон Абдулфаттоҳ Худойдодзода, Меҳрубон Каримов, Алиҷони Айнӣ, Хусрав Тоиров, Хуршед Давлатзода, Шаҳриёри Иноятулло ва Асадбек Ҷӯрабекзода ба нишон расониданд.

Дар даври дуюми “Ҷоми рушд-2021” дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо дастаи Молдова бозӣ мекунад.

Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев аллакай омодагиро ба мусобиқаи мазкур дар базаи Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар дараи Алмосии Ҳисор шуруъ кард. Шогирдони Аҳлиддин Турдиев соли гузашта дар “Ҷоми рушд” то финал баромада буданд.

Бояд гуфт, ки “Ҷоми рушд-2021” барои футболбозони навраси мо як марҳилаи омодагӣ ба Чемпионати Осиё маҳсуб меёбад. Дар 19-ум Чемпионати Осиё миёни наврасони то 17-сола, ки имсол дар Баҳрайн доир мешавад, Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бозӣ мекунад, ки ҳарифонаш дастаҳои мунтахаби наврасони Уммон, Яман ва АМА ҳастанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *