Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода бо сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мишел Тарран бо ëдоварӣ аз сиëсати пешгирифтаи Сарони давлатҳо аз таҳкими муносибатҳои дӯстона изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистону Фаронса дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла иқтисоду маориф, фарҳангу ҳунар ҳамкориҳои зич дошта, барои тақвияти равобит аз имкониятҳои мавҷуда самаранок истифода мебаранд. Тавре аз мақомоти вилояти Суғд хабар додаанд, ҷонибҳо бо баррасии дурнамои ҳамкориҳо барои густариши робитаҳо изҳори омодагӣ намуданд.
Бояд гуфт, ки давоми моҳи гузашта Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Фаронса дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мулоқот дошт ва тарафҳо дар мулоқот атрофи масъалаҳои густариши муносибатҳои дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ табодули афкор сурат гирифт. Сафири Франсия ҳавасмандии кишварашро ҷиҳати тақвияти ҳамкорӣ дар рушди самтҳои гуногуни сайёҳӣ, аз ҷумла сайёҳии фарҳангию этнографӣ, кӯҳгардию варзишӣ ва гастрономӣ изҳор намуд.
Инчунин, Мишел Тарран вобаста ба масъалаи марбут ба тақвияти ҳамкории муштарак дар самти тағйирёбии иқлим, ҳифзи пиряхҳо, инчунин ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ва ҳамкорӣ бо Агентии Франсия оид ба рушд бо раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дидор намуд.
Бояд гуфт, ки соли 2021 дар Парижбаргузории Форуми сармоягузории Тоҷикистону Фаронса дар назар дошта шуда, ҳамзамон ҳайати сармоягузорони Франсия бо мақсади омӯзиши имкониятҳои сармоягузорӣ ба Тоҷикистон ташриф меоранд.