Исломов Ҷалолиддин хӯроки аҳли хонаводаи худро заҳролуд кардааст, ки дар натиҷа модари ҷинояткор ба ҳалокат расидааст.
Тавре аз Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, Исломов Ҷ. 21 сентябри соли 2020 аз рӯи хусумати шахсӣ бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудани аҳли хонаводааш, ки майнушии ӯро халалдор мекарданд ва барои майнушии худ шароит фароҳам овардан 5-6 адад доруи навъи “Азалептин” ва як миқдор пайвастагиҳои органикии фосфордор ва хлордорро аз таҷҳизоти пошкунандаи доруҳои миниралии дар манзили истиқоматиашон нигоҳдошташуда дастрас намуда, ба деги хӯроки аҳли хонаводаи худ андохтааст.
Аз истеъмоли хӯроки заҳролудшуда модари ҷинояткор – Исломова Назокат ба ҳалокат расида, аъзоёни оилаашон Исломов А., Исломова Н.М., Исломов Ф.А., Исломова С.И., ноболиғон Исмоилзода Н. ва Исломов М.Ф. бо заҳролудшавии шадид ба шуъбаи эҳиёгарии беморхонаи марказии ноҳияи Хуросон бистарӣ гардидаанд.
Дар натиҷа аз тарафи Прокуратураи ноҳияи мазкур нисбати Исломов Ҷ.А., бо моддаҳои 104 қисми 1 ва 32 қисми 3-104 қисми 2 бандҳои “а,в,ж”-и КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз намуда, онро баъди ба итмом расонидан ба суд ирсол намудааст.
Ба иттилои манбаъ, барои ин кирдор аз ҷониби суди вилояти Хатлон Исломов Ҷалолиддинро бо моддаҳои 104 қисми 1 ва 32 қисми 3-104 қисми 2 бандҳои “а,в,ж”-и КҶ ҶТ гунаҳгор дониста шуда, ҷазои ниҳоӣ маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 18 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии дороӣ низомаш сахт таъин карда шудааст.