Паёми «Тоҷикистон»: Дар Тоҷикистон шиносномаи биометрӣ роҳандозӣ шуд

Имрӯз 32-юмин рӯзи соли 2021 – 1 феврал, душанбе мебошад.

Обу ҳаво

1 феврал ҳарорати ҳаво дар шаҳри Бохтар шабона 2+4° гарм, рӯзона 14+16° гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида борон шуда, дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 13+18° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона -1+4°, рӯзона 8+13° гарм мешавад.

Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки имрӯз дар шаҳри Хоруғ ҳарорати ҳаво шабона 6-8° хунук, рӯзона 0+2° гарм мешавад. Дар ВМКБ ҳавои абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида барф меборад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3-8° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 11-16 хунук, рӯзона -1+4°, дар шарқи вилоят шабона 17-22° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 24-29° хунук, рӯзона 8-13° хунук мешавад.

Имрӯз дар шаҳри Хуҷанд ҳавои қисман абрнок, баъзан ҳолатҳо борон пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона 1+3° гарм, рӯзона 11+13° гарм мешавад. Дар водиҳои вилояти Суғд шабона -1+4°, рӯзона 8+13° гарм дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 3-8° хунук, рӯзона -1+4° мешавад.

1 феврал дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда, баъзан ҳолатҳо борон борида, раъду барқ ба амал меояд. Ҳарорати ҳаво шабона 2+4° гарм, рӯзона 12+14° гарм мешавад. Дар НТҶ ҳавои қисман абрнок, дар ноҳияҳои алоҳида боришот (борон, барф), дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ, дар баъзе ноҳияҳо бошиддат пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0+5° гарм, рӯзона 12+17° гарм дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 1-6° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 6-11° хунук, рӯзона 0+5° гарм, дар баъзе ноҳияҳо 0-5 хунук мешавад.

Қурби асъор

Бонки миллии Тоҷикистон имрӯз қурби асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ чунин муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА — 11.3000 сомонӣ;

1 евро – 13.7284 сомонӣ;

1 рубли русӣ — 0.1488 сомониро ташкил медиҳад.

БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».

Тақвими рӯз

1 феврал соати 10:00 дар бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ доир мегардад;

Ҳамин рӯзи соли 1893 ихтироъкори америкоӣ Томас Эдисон дар Ню-Ҷерси аввалин маротиба дар таърихи ҷаҳон киностудияи «Черная Мария»- ро таъсис дод;

Соли 1946 дипломати норвегиягӣ Трюгве ЛИ аввалин Дабири Кулли СММ интихоб гардид;

1 феврали соли 1993 дар  шаҳри Душанбе Намояндагии аввали СММ — Дафтари нозирони СММ дар Тоҷикистон (ДНСММТ) кушода шуд;

Ҳамин рӯзи соли 1995 Конвенсияи ҳудудӣ дар бораи ҳифзи ақаллиятҳои миллӣ қабул карда шуд;

Дар ин рӯзи соли 2010 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шиносномаи биометрӣ роҳандозӣ карда шуд;

1 феврали соли 2018 дар шаҳри Душанбе мулоқоту музокироти сатҳи олии Тоҷикистону Қирғизистон доир гардид ва дар он Барномаи ҳамкории тиҷоратӣ — иқтисодии байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расид;

 Соли 2011 сокинони водии Зарафшон аввалин маротиба аз Хатти интиқоли барқи «Шимол — Рӯдакӣ» қувваи барқи дохилӣ дастрас намуданд;

Дар ин рӯзи соли гузашта Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ВКХ ҶТ) дар робита ба  хуруҷи  бемории нав дар Чин ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ тавсия дод, ки аз сафар ба ин кишвар худдорӣ намоянд;

Имрӯз дар ИМА Рӯзи миллии озодӣ, дар Сенегал Рӯзи Конфедератсия, дар Алҷазоир – Рӯзи тахлия  (аз ҷойҳои хавфнок муваққатан ба ҷойҳои осуда кӯчонидани аҳолӣ ва молу анҷом) мебошад.

Инчунин, дар Никарагуа Рӯзи неруҳои ҳарбӣ- ҳавоӣ ва дар Малайзия – Рӯзи ҳудуди федералӣ қайд карда мешавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *