100 инфрасохтори тиббӣ таъмир мешаванд

акс аз интернет

Вакилони Маҷлиси Намояндагон рӯзи 28-уми январ созишномаи ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва ду бонки байнулмилалиро тасвиб карданд. Бар асоси он, барои беҳтар кардани хидматрасонии тиббӣ 12 миллион доллар ҷудо мешавад, ки даҳ миллион доллари онро Бонки Ҷаҳонӣ ва боқимондаро Бонки Таҷдид ва Рушд медиҳанд.

Юсуф Маҷидӣ, муовини вазири молияи Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии лоиҳа гуфт, ҳадаф беҳтар кардани сифати хидматрасонии тиббӣ дар 16 ноҳия, аз ҷумла Ёвону Данғара, Ҷалолуддини Балхӣ, Фархору Қубодиён, Спитамен, Ҷаббор Расулов, Мастчоҳ, Дарвоз ва шаҳри Кӯлоб мебошад.

Дар ҳамин ҳол, муовини аввали вазири тандурустӣ сатҳи хадамоти тиббиро дар кишвар хуб арзёбӣ кард ва гуфт, тақсими кумакҳои молӣ дар бахши тандурустӣ ба таври шаффоф сурат мегирад. Дар баробари ин азои узви кумитаи маҷлиси намояндагон оид ба иқтисод ва молия Бузургзода Азиз Қодир гуфт, ки «бо маблағи пешбинишуда беш аз 448 муассиса бо таҷҳизоти тиббӣ таъмин шуда, 100 инфрасохтори дигар пурра таъмир мешаванд».

Ёдовар бояд шуд, ки созишномаи маблағгузорӣ байни Тоҷикистон ва асатсиатсияи байналмилалии рушд 16 ноябрри соли 2020 дар шаҳри душанбе ба имзо расида ва аз тарафи президенти кишвар барои тасдиқ ба маҷлиси намояндагони маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешнҳод шудааст.

Тоҷикистон дар ёздаҳ моҳи соли 2020 ва бахусус дар аҳди коронавирус, аз хориҷи кишвар дар умум ба маблағи зиёда аз 41 миллион доллари амрикоӣ ёрии башардӯстона гирифтааст. Ба иттилои мақомот, ёриҳо аз васоили тиббиву орду равған, масолеҳи сохтмонӣ ва мошинҳои Ёрии таъҷилӣ иборат буданд.

Саидов Шоҳин,

Радиои «Тоыикистон»

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *