Модари панҷгоникҳоро аз беморхона ҷавоб доданд

акс аз “Ховар”

Дар Таваллудхонаи ҷумҳуриявии шаҳри Душанбе модари аввалин панҷгоникҳоро рухсат доданд.

Гуфта мешавад, ки кӯдакон тавассути ҷарроҳии буриши қайсарӣ  ба дунё омаданд. Ҳангоми таваллуд ба ҳар кӯдак якнафарӣ ниатолог вобаста карда шуд. Умуман ҷарроҳӣ 1 соат зиёдтар давом карда, ба он 12 нафар табибон сафарбар гардида буданд. Ҳоло вазъи саломатии модар ва 5 кӯдак хуб буда, ба хона гусел карда мешаванд.

«30 декабри соли 2020 Дилноза Мамадова ва Барот Бобоев  соҳиби 5 фарзанд – ду писар ва се духтар гардиданд. Ин оилаи ҷавон сокини ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон буда, соли 2008 хонадор шудаанд. Ҳоло кӯдакон 30-рӯза шуда, ба онҳо Ҳасан, Ҳусейн, Фотима, Зуҳро ва Хатича номгузорӣ шудааст. Модари навзодон пеш аз таваллуд  дар таваллудхона бистарӣ буд. Ҳар  хароҷоте, ки барои таваллуди навзодон сарф шуд, бо дастгирии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии мамлакат анҷом дода шуд», – иттилоъ медиҳад«Ховар».

Дар ин рӯз қайд карда шуд, ки саломатии аҳолӣ, хусусан модару кӯдак дар маркази таваҷҷуҳи бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Зеро аз модари солим бояд кӯдакони солим таваллуд шуда, ояндаи генафонди миллатро ташкил диҳанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *