Аксари нашрияҳои чопи ин ҳафтаи Душанбе ба муҳимтарин нукоти Паёми солонаи президенти кишвар ба Маҷлиси Олӣ ва тарҳи нави Қонун “Дар бораи хизмати ҳарбӣ ва уҳдадориҳои ҳарбӣ” ва таҷлил аз ҷашни Садда дар Тоҷикистон таваҷҷуҳ кардаанд.
“Ҷумҳурият”
Нашрияи расмии “Ҷумҳурият” дар шумораи рӯзи 27 январ Паёми Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» нашр кардааст.
Ҷумҳурият дар шумораи рӯзи 26 январ таҳти унвони «Сада- мероси гаронбаҳои аҷдодӣ” матлабе нашр карда, навиштааст, ки Сада меҳру муҳаббат, якдилӣ, сарҷамъиву хушҳолӣ ва некиву равшаниро дар худ таҷассум намуда, моро водор месозад, ки иди аҷдодиамонро мутобиқ ба замони хеш ҷашн гирифта, оини гузаштагонро давом диҳем, то наслҳои оянда аз фарҳанги бою пурғановати гузаштаи худ огоҳ шаванд ва қадр намоянд ва онро эҳтиром намоянд.
“Ҷумҳурият” дар матлаби дигаре хабар додааст, ки Суди ноҳияи Қубодиён заминсози Ҷамоати деҳоти Носири Хусрави ноҳия Абдураҳим Сатторовро барои хунукназарӣ нисбат ба муроҷиати шаҳрвандон 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, баробар ба 5800 сомонӣ, ҷарима кардааст.
“Садои мардум”
Нашрияи парлумонии “Садои мардум” дар шумораи рӯзи 26 январ гузориши мукаммал аз иҷлосияи ахири Маҷлиси миллӣ нашр карда навиштааст, ки қонунҳо ҷонибдорӣ шуда, ҳисоботи Прокурори генералии ҶТ ба маълумот гирифта шуд.
Дар баробари ин дар ин иҷлосия, пешниҳоди Маҷлиси вакилони халқи вилояти Хатлон барои иваз намудани номи ноҳияи Шаҳритуз ба ноҳияи Шаҳритус баррасӣ шуда, Маҷлиси миллӣ қарор кард, ки Номи ноҳияи Шаҳритузи вилояти Хатлон ба ноҳияи Шаҳритус иваз карда шавад.
“Тоҷикистон”
Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” дар шумораи рӯзи 27 январ дар сармақолаи худ бо номи “Фирор аз аскарӣ” суол гузоштааст, ки қонуни нав чӣ навоварӣ дар қувваҳои мусаллаҳ ворид сохт? Муаллиф зимни баррасии тарҳи нави қонун, ки дар он роҳи қонунии гирифтани билети ҳарбӣ бо анҷоми машқи якмоҳа ва пардохти маблағ пешбинӣ шудааст, аз қавли коршиносон навиштааст, қонуни нав ҳолатҳои “сарбозшикор” ё ба ибораи маъмул “облава” ва коррупсияро замони даъват ба артиш, аз байн хоҳад бурд.
Нашрияи “Тоҷикистон” дар матлаби дигаре хабар додааст, ки дар ҷаласаи ахири Маҷлиси миллӣ, Юсуф Раҳмон прокурори генерлалии Тоҷикистон оид ба иҷрои яксони қонунҳо дар соли 2020 ҳисобот дода аст.
Нашрия меафзояд дар ин иҷлосия, Рустами Эмомалӣ раиси Маҷлиси Миллӣ ба Юсуф Раҳмон дастур додааст, ки бобати аз байн бурдани ҳолатҳои шиканҷа дар замони тафтифи парвандаҳо ва муассисаҳои иҷрои ҷазои ҷиноятӣ ва ҳамчунин пешгирӣ аз содиршавии ҷиноят ва муносибатҳои ғайриоиномавӣ дар Қувваҳои муссалаҳи кишвар, тадбирҳои таъхиропазир андешида шавад.
“СССР”
Ҳафтаномаи “СССР” низ дар шумораи рӯзи 28-уми январ дар мақолае оид ба тасвиби тарҳи нави қонун дар бораи хизмати ҳарбӣ навиштааст, ки истифодаи маблағи ҷамъшуда бар ивази маофият аз хизмати ҳарбӣ бояд шафоф буда, пеш аз ҳама барои харидории силоҳу муҳимоти ҷангӣ барои артиш масраф шавад.
Аз сӯи дигар ҳуқушинос Наврӯз Одинаев таъкид кардааст, ки ин маблағ пеш аз ҳама бояд барои беҳтар кардани шароити сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ равона карда шавад, ва дар ин ҳолат “облава” аз байн хоҳад рафт.
“Asia-Plus”
Ҳафтаномаи русизабони “Asia-Plus” дар шумораи рӯзи 28 январ мақолаи таҳлилие дар мавриди дурнамои рушди Тоҷикситон дар соли 2021 нашр кардааст.
Муаллифи матлаб сиёсатшинос Парвиз Мулоҷононов гуфтааст, бо назардошти он кӣ соли ҷорӣ барои тамоми ҷаҳон вазнин хоҳад буд, давлати Тоҷикистонро зарур аст дар мавриди узвият дар Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё тасмими ниҳоӣ бигирад.
Ба гуфтаи муаллиф ин қарори Тоҷикистон аҳамияти ҳаётӣ хоҳад дошт, зеро ба маънии интихоби геополитикӣ миёни Маскав ва Пекин хоҳад буд.
“Фараж”
Ҳафтаномаи “Фараж” бо нашри ду мақола зери номи “Пиёдагард ба ҷои истгоҳ?” ва “Куҷост фосилаи иҷтимоӣ?!” аз ҳал нашудани мушкилоту норасоиҳо дар фаъолияти нақлиёти ҷамъиятии пойтахт, интиқод кардааст. Муаллиф менависад, бо вуҷуди пайваста матраҳ шудани мавзуи нақлиёти мусофирбар, ҳамоно вазъият тайир нахурдааст.
Ба таъкиди нашрия, таваққуф дар пиёдагузар ва қаторҳои дувуму сеюми роҳи мошинград ва савор кардани аз меёри зиёди мусофирон дар микроавтобусҳо ҳамчунон зиёд ба мушоҳида мерасад.
Аҳмадов. З