Баъд аз таркиши балони гази моеъ дар чойхонаи «Самарқанд»-и Панҷакент 8 табиб барои муолиҷаи беморон аз шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд сафарбар карда шуданд.
Тавре сомонаи МИҲД вилояти Суғд менависад, баъд аз ҳолати рӯхдода сокинон сари вақт ба беморхонаи марказии шаҳр оварда шуда, зери назорати табибон қарор гирифтанд. Худи ҳамон рӯз бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва тадбирандешиҳои роҳбарияти вилоят 8 нафар мутахассисони варзидаи соҳаи тиб аз шаҳрҳои Душанбеву Хуҷанд барои табобати ҷароҳатёфтагон ба Панҷакент сафарбар карда шуданд.
Имрӯз бошад, раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷароҳатёфтагонро аёдат намуд ва иттилоъ дода шуд, айни замон вазъи беморон қаноатбахш буда, кормандони соҳаи тиб барои барқарорсозии саломатии онҳо аз тамоми имкониятҳо истифода намуда истодаанд.
«Раҷаббой Аҳмадзода аз ҳоли беморон хабар гирифта, бо пайвандону наздикони онҳо суҳбат орост. Таъкид гардид, ки барои пурра табобат ёфтани шахсони ҷароҳатёфта беҳтарин мутахассисон сафарбар шуда, барои табобати беморон кӯмак расонида мешавад», – омадааст дар хабар.
Чанде пеш Кумитаи ҳолатҳои фавқулода хабар дода буд, ки 25 январи соли 2021 бар асари таркиши як баллони гази моеъ дар ошхонаи “Самарқанд” 23 нафар кормандони ҳамин ошхона, ки 15 нафари онҳо зан ва 8 нафари дигар мардон мебошанд, бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ карда шуданд. Ҳоли се нафар занон, ки аз 21 то 42 сол доранд ва ду нафар мард, ки ҳарду ҳам 27-солаанд вазнин арзёбӣ мешавад. Дар Шӯъбаи эҳёгарӣ се зани аз 37 то 72-сола бистарианд, ки табибон ҳоли онҳоро ҳам чандон хуб арзёбӣ намекунанд. Вазъи саломатии 9 зан ва ва 5 мардро вазнини миёна арзёбӣ кардаанд.
Гуфта мешавад, ки аз миёни ин ҳама танҳо як ҷавони 21-сола баъди муоинаи тиббӣ ҷавоб дода шуда, боқӣ ҳамоно дар бемористон таҳти назорати духтурон қарор доранд.