Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина Давлаталӣ Назризода бо Вазири зерсохтори Украина Владислав Криклий масъалаи ҳарчӣ зудтар барқарор сохтани парвозҳо байни пойтахтҳои ду кишварро баррасӣ карданд.
Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тарафҳо зимни суҳбат, инчунин вазъи феълӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва Украина дар соҳаи нақлиёт, ҳамлу нақли байналмилалии автомобилии мусофирон ва молу маҳсулот, истифодаи иқтидори транзитии ду кишвар, иҷрои Протоколи ҷаласаи панҷуми Комиссияи муштараки байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Украина оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои иқтисодӣ (аз 4 марти соли 2020) ва омодагӣ барои баргузории ҷаласаи шашуми Комиссия дар соли равон дар шаҳри Душанберо мавриди таваҷҷуҳ қарор доданд.
Бояд гуфт, ки ду рӯзи пеш ҳам сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Украина бо Вазири маориф ва илми Украина дар як мулоқоти худ дар шаҳри Киеви Украина дар мулоқоти худ ҳамчунин таваҷҷуҳи худро ба ташкили ҷашнвораҳои донишҷӯён ва баргузории ярмаркаҳо бо иштироки намояндагони муассисаҳои таълимоти олии Украина дар Тоҷикистон ҷиҳати муаррифии имкониятҳои он кишвар дар самти маориф равона намуданд.