Бозёфти аввалин сиккаҳои ҷаҳон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

акс аз интернет

Бостоншиносон сиккаи нуқрагиеро дар мавзеи Сари Банди ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ёфтанд, ки дар натиҷаи таҳқиқ аз ҷумлаи аввалин сиккаҳои ҷаҳон муаррифӣ гашт.

Дар ин маврид таърихшиноси тоҷик Абдувалӣ  Шарифзода дар посух ба суоли “Ҷумҳурият” – сиккаҳои лидиягӣ ба ниёгони тоҷик ва Тоҷикистон чӣ алоқамандӣ доранд, гуфтааст, ки то соли 546 пеш аз милод, то замони забт гардидани пойтахти Лидия – шаҳри Сард, аз ҷумла мехкадаи он аз тарафи Куруши Кабир Ҳахоманишиҳо  сикка намебароварданд, аммо аз аҳамияти сикка дар давлатдорӣ огоҳ буданд ва аз сиккаҳои лидиягӣ ва юнонӣ истифода менамуданд.

Бино ба иттилои манбаъ то ин дам аз Осиёи Миёна чунин сиккаи қадима ёфт нашудааст. Ба ин хотир, мутахассисон онро яке аз навъҳои қадимтарин шуморида, зарур медонанд, ки  ин минтақаи Тоҷикистон мавриди таҳқиқи ҷиддии бостоншиносӣ қарор дода шавад. Зимнан, соли 2016 аз мавзеи мазкур сиккаи тиллоӣ замони Ҳахоманишӣ низ ёфт шуда буд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *