Талаби ришва барои дохилкунӣ ба Донишкада

Аз ҷониби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия  Асоев Искандар баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани ришва маблағи 18000 сомонӣ дастгир гардид.

Асоев И. дар вазифаи нозири гурӯҳи назорати давлатии зидди сухтори Қисми мустақили 17-уми ҳарбикунонидашудаи хадамоти давлатии оташнишонии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муҳофизати шаҳри Ҳисор кор карда истода, бо истифодаи мақоми хизматӣ бо роҳи фиреб ва суиистифодаи боварӣ, барои ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил намудан аз шаҳрванд “А” маблағи 18.000 сомонӣ талаб кардааст.

Бино ба маълумоти Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия гумонбар дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-тафтишотӣ Асоев И.С. баъди аз шаҳрванд “А” гирифтани маблағи 18000 сомонӣ дастгир гардида, маблағи мазкур аз ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва гирифта шуд.

Дар ин асос нисбати Асоев И.С. бо моддаи 247 қисми 2 бандҳои “в,г” Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, он баъди анҷоми тафтиши пешакӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суд ирсол карда шуд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *