Имрӯз 29 январи соли 2021, рӯзи ҷумъа мебошад.
Обу ҳаво
29 январи соли 2021 ҳарорати ҳаво дар шаҳри Душанбе камабри бебориш шуда, шабона 3-5° хунук, рӯзона 13+15° гарм мешавад. Дар НТҶ шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8, дар ноҳияҳои алоҳида бо шиддатнокии то 10-15м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 2-7° хунук, рӯзона 11+16° гарм дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 6-11° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 14-19° хунук, рӯзона -2+3° мешавад.
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳарорати ҳаво дар шаҳри Хуҷандро тағйирёбандаи бебориш гуфтааст. Ҳарорати ҳаво шабона 2-4° хунук, рӯзона 8+10° гарм мешавад. Дар вилояти Суғд ҳаво камабри бебориш шуда, дар водиҳо шабона 0-5° хунук рӯзона 6+11° гарм дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 8-13° хунук, рӯзона -1+4° мешавад.
Имрӯз дар шаҳри Хоруғ шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8м/с мевазад. Ҳарорати ҳаво шабона 16-18° хунук, рӯзона 3-5° хунук мешавад. Дар ВМКБ ҳавои камабр, баъзан ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 9-14° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 16-21 хунук, рӯзона 3-8° хунук, дар шарқи вилоят шабона 26-31° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 34-39° хунук (дар мавзеи Булункӯл то 45-47° хунук), рӯзона 12-17° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 20-25° хунук мешавад.
Ба иттилои Агентӣ 28 январ ҳарорати ҳаво дар шаҳри Бохтар камабри бебориш шуда, шабона 1-3° хунук, рӯзона 13+15° гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш, дар баъзе ноҳияҳо тормеғ (туман)-и тунук мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 0-5° хунук, рӯзона 11+16° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 1-6° хунук, рӯзона 6+11° гарм мешавад.
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки Рӯзҳои 28-29 январи соли ҷорӣ дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳии ҷумҳурӣ ҳавои сард боқӣ мемонад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии НТҶ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ шабона то 16-210 хунук, дар шарқи ВМКБ то 34-390 хунук, дар мавзеи Булункӯл то 45-470 хунук мешавад. Бо сабаби боқӣ мондани ҳавои сард дар бештари манотиқи ҷумҳурӣ зуҳуроти яхбандӣ боқӣ мемонад.
Қурби асъор
Барои 29 январи соли 2021 1 доллари ИМА — 11.3000 сомонӣ, 1 евро – 13.6854 сомонӣ, ва 1 рубли русӣ — 0.1474 сомониро ташкил медиҳад.
БМТ огоҳ менамояд, ки «берун аз сарбонк, филиал, марказҳои хизматрасонии бонкӣ, нуқтаи интиқоли пул ва банкомату терминалҳо анҷом додани амалиёти мубодилавӣ қатъиян манъ аст ва риоя накардани талаботи мазкур аз ҷониби шахсони воқеӣ қонуншиканӣ ба ҳисоб рафта, сабаби ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашидан мегардад».
Тақвими рӯз
29 январи соли 1896 физики америкоӣ Э. Груббе аввалин маротиба дар ҷаҳон барои табобати саратон радиатсияи радиоактивиро истифода бурд;
Дар ин рӯзи соли 1926 дар Иттиҳоди Шӯравӣ омӯзиши ҳатмии дарсҳои ҳарбӣ дар мактабҳо ҷорӣ карда шуд;
29 январи соли 1947 дар Британияи Кабир ҳарорати пасти рекордии ҳаво ба қайд гирифта шуд, ки -26,7 дараҷа хунукиро ташкил дод;
Ҳамин рӯзи соли гузашта хабар дода шуд, ки Сокини деҳаи Даҳанаи ҷамоати шаҳраки Шайдони ноҳияи Ашт Фотима Мирзоқулова, ки куҳансолтарин сокини Тоҷикистон маҳсуб мешуд, дар синни 127-солагӣ аз олам даргузашт. Ҷасади ӯ 25 январ дар ҳамон деҳа ба хок супорида шуд. Фотима Мирзоқулова 13 марти соли 1893 дар деҳаи Қаҳрамон, собиқ Булоқи ноҳияи Ашт ба дунё омадааст ва баъди издивоҷ бо як сокини Даҳана ба ин деҳа кӯчидааст.
Имрӯз дар Молдова Рӯзи кормандони прокуратура, дар Украина Рӯзи кормандони муҳофизони сӯхтор ва Рӯзи ихтироъ кардани автомобил мебошад.
Ҳамчунин, 29 январ дар тамоми ҷаҳон ҳамчун Рӯзи сафарбарнамоӣ бар зидди таҳдиди ҷанги ҳастаӣ ҷашн гирифта мешавад. Дар ин рӯзи соли 1985 дар пойтахти Ҳиндустон дар вохӯрии роҳбарони давлатҳо ва ҳукуматҳои Ҳиндустон, Юнон, Мексика, Аргентина, Танзания ва Шветсия Эъломияи Деҳлӣ, ки ҳадафаш нест кардани силоҳи ҳастаӣ ва ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба зарурати халъи силоҳи ҳастаӣ, инчунин паҳн кардани маълумот оид ба бартариҳои нест кардани силоҳи қатли ом мебошад, қабул карда шуд. Мавриди зикр аст, ки оқибатҳои таркишҳои ҳастаӣ, ки ғайр аз бадбахтӣ ба инсон чизи дигаре намеоранд, ҳам барои кишварҳои алоҳида ва ҳам дар маҷмӯъ барои тамоми сайёра фалокатоваранд.
Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ташкилоту созмонҳои байналмилалӣ ба ин мушкилоти рӯзафзуни башарият бетараф набуда, ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба манъ будан ва ё тибқи низоми муайян мавриди истифода қарор додани маводи ба чунин силоҳҳо алоқамандро ба тасвиб расонидааст. Ҳарчанд дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон намуди силоҳи қатли ом вуҷуд надошта бошад, ҳам вале ба ин нигоҳ накарда, ҷумҳурӣ ҳамаи фаъолиятҳои байналмилалиро дар ин самт ҷонибдорӣ менамояд.