Китобoҳои тозанашри мардумшинос Дилшод Раҳимӣ дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоӣ шуданд.
Директори Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот Дилшод Раҳимӣ зимни рӯнамоии ин китобҳо, ки таҳти унвони «Эҳёи ҷашнҳои миллӣ дар замони соҳибистиқлолии Тоҷикистон» доир гардид, китобҳои тозанашри “Тиргон – ҷашни об”, “Меҳргон – ҷанши баракату фаровонӣ” ва “Сада – ҷашни нур”муаррифӣ кард.
Ба иттилои сомонаи Вазорат дар чорабинӣ қайд карда шуд, ки бо ибтикори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги миллӣ бомаром рушд намуда, анъана ва суннатҳои аҷдодӣ аз нав эҳё ва дар сатҳи ҷаҳонӣ тарғибу ташвиқ мегардад. Аз ҷумла, бо пешниҳоди Сарвари муаззам ҷашни миллии – Наврӯз ба ҷашнвораҳои байналмилалии СММ ворид карда шуд.
Доир ба аҳамияти таърихии ҷашнҳои миллӣ ва иқдоми нашри китобҳо дар самти шинохти ҷашнҳо гуфта шуд, ки ниёгони мо дар чор фасл – чор ҷашн доштанд “Наврӯз” – дар баҳор, “Тиргон” – дар тобистон, “Меҳргон” – дар тирамоҳ ва “Сада”- дар зимистонро таҷлил мекунанд.
Хотирасон мешавем, ки Ҷашни Сада имсол 31 январ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе таҷлил карда мешавад.