Имрӯз Садир Жапаров баъд аз маросими савгандёдкунӣ ба ҳайси президенти Қирғизистон ба кор шурӯъ кард.
Раиси Комиссияи марказии интихоботи Қирғизистон Нуржан Шайлдабекова баъд аз ин маросим ба Садир Жапаров шаҳодатнома, нишони сарисинагӣ ва ливои президентиро супорид, иттилоъ медиҳад «Ховар» бо такя ба хабаргузориҳои ин кишвар.
Гуфта шудааст, ки дар маросими савгандёдкунии Президенти нави Қирғизистон чеҳраҳои маъруфи кишвар, вакилони Жогорку Кенеш, собиқ президентҳо, собиқ спикерҳои парлумон, собиқ сарвазирон, сарварони конфессияҳои Қирғизистон, корпуси дипломатӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ, оқсақолҳо ва шаҳрвандони одӣ даъват шуда буданд.
Хотирасон мешавем, ки 10 январ дар Ҷумҳурии Қирғизистон интихоботи дубораи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон доир гашт ва тибқи ҳисобҳои пешакӣ аз 18 нафар номзад Садир Жапаров бо касби 79,25% овозҳо пешсаф шуд. Дар ҷойи дуюм Толбаев Бабирҷан – 2,32% ва дар ҷойи сеюм Арстанбек Миктибек бо гирифтани 1,67% овозҳо меистад. Бар зидди ҳамаи номзадҳо 1,33% интихобкунандагон овоз додаанд.
Баъд аз пирӯзӣ дар интихобот Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти тозаинтихоби Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров барқияи табрикӣ ирсол намуданд, ки дар он омада буд:
«Шуморо ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон табрик мегӯям… Мардумони Тоҷикистон ва Қирғизистонро анъанаҳои чандинасраи робитаҳои дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва эҳтироми якдигар ба ҳам мепайванданд. Бо таъкиди алоқамандии ин ҷониб ба нигоҳдориву афзун гардонидани мероси таърихии созандаи муносибатҳои мардумони мо ҷиҳати ба сатҳи сифатан нав баровардани тамоми маҷмӯи ҳамкориҳои Тоҷикистону Қирғизистон ба саъйю талошҳои пайгиронаи муштаракамон умед мебандам”.