Имсол, агар пандемияи COVID-19 халал нарасонад, дар Тоҷикистон мусобиқаҳои интихобии Ҷоми Осиё-2022 оид ба футбол миёни духтарони то 17-сола ва то 20-сола баргузор хоҳанд шуд.
Тавре аз Кумитаи миллии олимпӣ хабар додаанд, агар пандемияи COVID-19 халал нарасонад, марҳилаи аввали Ҷоми Осиё-2022 миёни духтарони то 17-сола аз 18 то 26 сентябр, марҳилаи аввали интихобӣ миёни бонувони то 20-сола бошад, 14-22 август доир мешаванд. Конфедератсияи футболи Осиё қаблан Тоҷикистонро макони баргузории яке аз гурӯҳҳои мусобиқаҳои интихобӣ миёни духтарони то 17-сола ва то 20-сола интихоб карда буд.
Инчунин, гуфта мешавад, ки аз 14 то 25 сентябр мусобиқаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 миёни мунтахабҳои бонувон ба нақша гирифта шудааст. Дар он тими футболи бонувони Тоҷикистон низ ширкат мекунад. Ба ғайр аз ин, соли равон Конфедератсияи футболи Осиё дар нақша гирифтааст, ки бори аввал ба таври озмоишӣ Чемпионати Осиё миёни клубҳои бонувонро доир намояд. Мусобиқа 1-6 ноябр дар назар аст, вале кадом дастаҳо дар ин мусобиқа иштирок мекунанд, феълан муайян нест.