Озмунҳои вилоятӣ миёни заргарону сангтарошон

Дар вилояти Суғд Фестивали «Ҳунар омӯз…» ва Озмуни «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» гузаронида мешавад.

Ба гуфтаи мақомоти вилоят Фестивали мазкур бо мақсади муаррифии маҳсулоти заргарии миллӣ, оммавӣ гардонидани суннатҳои беҳтарини ҳунари заргарии миллӣ ва коркарди сангҳои ороишиву қиматбаҳо ташкил гардида, дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо ва сипас дар сатҳи вилоятӣ доир хоҳад шуд.

Инчунин, бар асоси нақшаи чорабиниҳои Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ ва бо мақсади рушди ҳунари сангтарошӣ ва ташвиқу тарғиби таҷрибаи пешрафтаи ҳунармандон озмуни вилоятии «Ҳунарҳои ороишӣ аз санг» гузаронида мешавад.

Ба иттилои манбаъ Озмун дар ду давр – даври ноҳиявӣ ва даври вилоятӣ доир гардида, дар он сокинон новобаста аз сину сол бо маҳсулоти худ метавонанд иштирок намоянд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *