КҲФ: Саломатии осебдидагони таркиши Панҷакент вазнин аст

акс: Азия – плюс

Тавре қаблан бо такя ба ВКД хабар дода будем, 25 январи соли ҷорӣ дар чойхонаи «Самарқанд», воқеъ дар шаҳри Панҷакент бинобар риоя нагардидани қоидаҳои бехатарӣ таркиши балони гази моеъ ба амал омадааст, ки дар натиҷа 12 нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба беморхона дастрас карда шудаанд. 

Дар ҳамин ҳол Кумитаи ҳолатҳои фавқулода бо нашри як хабар аз вазъи саломатии беморон иттилоъ дод, ки бар асари таркиши як баллони гази моеъ дар ошхонаи “Самарқанд” 23 нафар кормандони ҳамин ошхона, ки 15 нафари онҳо зан ва 8 нафари дигар мардон мебошанд, бо ҷароҳатҳои гуногун дар бемористон бистарӣ карда шуданд. Ҳоли се нафар занон, ки аз 21 то 42 сол доранд ва ду нафар мард, ки ҳарду ҳам 27-солаанд вазнин арзёбӣ мешавад. Дар Шӯъбаи эҳёгарӣ се зани аз 37 то 72-сола бистарианд, ки табибон ҳоли онҳоро ҳам чандон хуб арзёбӣ намекунанд. Вазъи саломатии 9 зан ва ва 5 мардро вазнини миёна арзёбӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, ки аз миёни ин ҳама танҳо як ҷавони 21-сола баъди муоинаи тиббӣ ҷавоб дода шуда, боқӣ ҳамоно дар бемористон таҳти назорати духтурон қарор доранд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кулли сокинони кишвар хоҳиш мекунад дар ин фасли сармо дар истифода аз баллонҳои гази моеъ эҳтиёт кунанд, қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд.

Хотирасон мешавем, ки субҳи имрӯз низ дар бозори «ҶДММ Султони Кабир» – и пойтахт оташ сар зада, ду айвони фурӯши молҳои пластикиро фаро гирифт.

Ҳодиса дар натиҷаи расиши кӯтоҳи ноқилҳо бавуқуъ омада, дар натиҷаи андешидани чораҳои лозимӣ, оташ соати 9.30 пурра хомӯш карда шуд. Зарари расонидашуда аз сӯхтор тахминан 800 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *