Паёми “Тоҷикистон”: Дар бештари манотиқ яхбандӣ боқӣ мемонад

Имрӯз – 27 январи соли 2021, чоршанбе.

Обу ҳаво

Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои 27 январи соли 2021 ҳавои шаҳри Душанберо камабри бебориш унвон кардааст. Ҳарорати ҳаво шабона 7-9° хунук, рӯзона 0+2° гарм мешавад. Дар баъзе ноҳияҳои НТҶ тормеғ (туман) мефарояд. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо шабона 4-9° хунук, рӯзона 8+13° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7-12° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 14-19° хунук, рӯзона 0+5° гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 0-5° хунук мешавад.

Дар шаҳри Хуҷанд ҳарорати ҳаво шабона 3-5° хунук рӯзона 4+6° гарм мешавад. Ҳарорати ҳаво дар водиҳои вилояти Суғд шабона 2-7° хунук, рӯзона 3+8° гарм дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 11-16° хунук, рӯзона -2+3° мешавад.

Ба иттилои Агентӣ имрӯз дар шаҳри Хоруғ ҳарорати ҳаво шабона 19-21° хунук, рӯзона 6-8° хунук мешавад.  Дар ВМКБ ҳавои камабр, дар баъзе ҳолатҳо тағийрёбандаи бебориш пешгӯӣ шудааст. Ҳарорати ҳаво дар ғарби вилоят шабона 13-18° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 20-25 хунук, рӯзона 4-9° хунук, дар шарқи вилоят шабона 26-31° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 34-39° хунук (дар мавзеи Булункӯл то 43-45° хунук), рӯзона 14-19° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 21-26 хунук мешавад.

Имрӯз дар Бохтар ҳарорати ҳаво шабона 3-5° гарм рӯзона 10+12° гарм мешавад.  Дар вилояти Хатлон ҳаво камабри бебориш шуда, дар водиҳо шабона 3-8° хунук, рӯзона 8+13° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 3-8° хунук рӯзона 4+9° гарм мешавад.

Агентии обуҳавошиносии  Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳ мекунад, ки рӯзҳои 26-29 январи соли ҷорӣ дар ноҳияҳои кӯҳӣ ва баландкӯҳии ҷумҳурӣ ҳавои сард боқӣ мемонад. Дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии НТҶ ва ноҳияҳои ғарбии ВМКБ шабона то 16-21° хунук, дар шарқи ВМКБ то 36-41° хунук, дар мавзеи Булункӯл то 51-53°  хунук мешавад. Бо сабаби боқӣ мондани ҳавои сард дар бештари манотиқи ҷумҳурӣ зуҳуроти яхбандӣ боқӣ мемонад.

Қурби асъор

1 доллари ИМА — 11.3000 сомонӣ;

1 евро – 13.7216 сомнӣ;

1 рубли русӣ — 0.1495 сомониро ташкил медиҳад.

 Қурб бидуни ӯҳдадории Бонки миллии Тоҷикистон дар хусуси харидорӣ ё фурӯши асъорҳои нишондодашуда бо ин нарх муқаррар шудааст. Қурби мазкур барои бонкҳои ваколатдор дар муайянкунии қурби хариди асъори хориҷӣ аз мизоҷонаш асос шуда наметавонад.

Тақвими рӯз

27 январи соли 1948  дар Америка аввалин магнитофони  ширкати «Wire Recording Corporation of America»  ба фурӯш бароварда шуд, ки 149,5 доллар арзиш дошт;

Дар ин рӯзи соли 2004 Гвардияи президентӣ ба Гвардияи миллии Тоҷикистон тағйири ном кард;

27 январи соли 1993 миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон муносиботи дипломатӣ барқарор карда шуд. Заминаи   сиёсии муносиботи  Тоҷикистон ва Туркманистон  27 январи соли 1993 бо имзои Протокол «Оид ба барқарор намудани муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Туркманистон» гузошта шуда, соли 1995 Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ашқобод ба фаъолият шурӯъ  намуд. Пойдевори муносиботи дуҷониба ва ҳамкории мутақобилан судманд бо назардошти манфиатҳои ҳарду давлат асос ёфта, робитаҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисоду тиҷорат, илмӣ-техникӣ ва фарҳангӣ муваффақона густариш ёфтанд ва он соли 2017 ба сатҳи шарикии стратегӣ расид;

Ҳамин рӯзи соли 1990 забони беларусӣ забони давлатии Беларус эълон карда шуд;

Имрӯз Рӯзи байналмилалии хотираи қурбониёни Ҳолокост аст.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *