Дар натиҷаи дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло бахши хусусӣ бо маром инкишоф ёфта, имрӯз саҳми он дар ММД беш аз 70%, дар таъмини аҳолӣ ба ҷойҳои корӣ 68% ва ба даромадҳои андозӣ ба буҷаи давлат 80%-ро ташкил медиҳад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ, инчунин зикр намуданд, ки танҳо дар соли гузашта 29 созишномаи сармояи давлатӣ ба маблағи 10 млрд сомонӣ ба имзо расонида шуд. Ҳамин тавр, аз соли 2013 то имрӯз аз ҷониби Ҳукумати мамлакат бо ширкатҳои ватанию хориҷӣ 17 созишнома оид ба сармоягузории мустақим ба имзо расонида шудааст, ки дар доираи онҳо 15 корхонаи нави истеҳсолӣ ба маблағи умумии зиёда аз 10 млрд сомонӣ бунёд гардида, беш аз 7 000 нафар сокинони мамлакат бо ҷойи кори доимӣ таъмин карда шуданд.
Бояд гуфт, ки ҳоло Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа гашта истодааст.