Паём: Авфи қонунигардонии маблағҳо ва таъсиси Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамӣ

Дар соли ҷорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон авф бо мақсади қонунигардонии маблағҳо ва дигар дороиҳо гузаронида хоҳад шуд.

Дар ин бора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар Паёми худ ба  Маҷлиси Олӣ имрӯз дар Кохи Сомон пешниҳод намуданд. Президенти мамлакат зикр намуданд, ки мақсади асосӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои ҷалби сармояи шаҳрвандон ба иқтисодӣ миллӣ мебошад.

Ҳамчунин Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон раванди гузариш ба иқтисоди рақамиро ғайриқаноатбахш номида, ба Ҳукумати кишвар ва сохторҳои марбута супориш доданд, ки Агентии инноватсия ва технологияҳои рақамии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шавад.  

Бояд гуфт, ки ҳоло ироаи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ идома дорад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *