Имрӯзҳо дар соҳаи нақлиёт татбиқи 15 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 8 млрд сомонӣ идома дошта, соли ҷорӣ татбиқи 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба анҷом мерасад.
Ин нуктаро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми худ ба Маҷлиси Олӣ иброз намуданд ва зикр карда шуд, ки дар доираи ин лоиҳаҳо шоҳроҳҳои Душанбе – Қизилқалъаи шоҳроҳи мошингарди Душанбе – Бохтар, Кулоб – Шамисддини Шоҳин – Вашкин Қалъаи Хумби шоҳроҳи Кулоб – Қалъаи Хумб ва роҳи мошингарди Кулоб – Муминобод сохта ба истифода дода мешаванд.
Дар Паём гуфта шуд, ки ҷиҳати сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётиву каммуникатсионӣ ва бунёди долонҳои транзитии нақлиётӣ соли равон татбиқи боз 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 8 млрд сомонӣ оғоз мегардад.