Кишоварзони вилояти Хатлон соли 2020 дар ҳамаи бахшҳои хоҷагидорӣ дар майдони 426,3 ҳазор гектар кишти асосӣ ва 130,6 ҳазор гектар кишти такрории зироатҳо гузаронида, дурнамои пешбинишударо барзиёд таъмин намуданд.
Ин нукта зимни таҷлили Ҷашни Сада дар вилояти Хатлон қайд карда шуд ва илова намуданд, ки саҳми кишоварзони вилоят дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзии ҷумҳурӣ хеле назаррас арзёбӣ гардида, 48,0 фоизи ҳаҷми маҳсулоти кишоварзӣ, 80 фоизи полезӣ, 64 фоизи ғалладонагиҳо, 60 фоизи пахта, 57 фоизи сабзавот, 65 фоизи пашм, 57 фоизи гӯшт, 50 фоизи шир, 43 фоизи меваю ангурро дар сатҳи ҷумҳурӣ кишоварзони вилояти Хатлон истеҳсол менамоянд, ки ин боиси ифтихор ва сарфарозии кишоварзон мебошад.
Дар баробари зиёд гардидани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, содироти он низ ба хориҷи кишвар зиёд гардида, аз ҳудуди вилоят 108,0 ҳазор тонна, аз ҷумла 92,3 ҳазор тонна сабзавот ба хориҷи кишвар содирот карда шуд.
Қайд гардид, ки ба муносибати иди Сада, ки ифодагари ҷовидонагии Хуршед, рамзи бедоршавии табиат, намоди оташу гармӣ, нур ва некӣ, оғози кишту кор ва мафҳуми аз сардӣ ба гармӣ расиданро дорост, чорабиниҳои фарҳангӣ бо сурудани савту садоҳои миллӣ, намоиши ҳунарҳои мардумӣ, машқҳои варзишии халқӣ, намоиши гулу ниҳолҳо ва ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ баргузор мешаванд ва мардуми Хатлонзамин дар рӯҳияи баланди арҷгузорӣ ба мероси маънавии халқ ин ҷашнро таҷлил менамоянд.