Сада ҷашни бузурги аҷдодиест, ки дар дар баробари Наврӯзу Тиргон ва Меҳргон ниёи мо бо шукуҳу шаҳомоти хос таҷлил менамуданд. Ин оини бостон дар тӯли таърих ва имрӯзҳо низ ба сифати яке аз рукнҳои муҳими худшиносиву худогоҳии мардуми мо арзёбӣ гардидааст. Ин ҷашн дар фасли сармо( 10 баҳманмоҳ (30 январи тақвими мелодӣ) ) қабл аз Наврӯз барпо гардида, айёми омодагии марди деҳқон ба мавсими баҳор ба ҳисоб меравад, ки муддате аз мади назари ҷомеа дар канор буд. Коршинос Рамазон Шарифзода аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мегуяд, ки баробари ба даст овардани соҳибистиқлолӣ ва бевосита бо ибтикори сарвари давлат, ин ҷашни таърихӣ, ки аз гузаштаи дур ба мо мерос мондааст, аз нав эҳё гардид.
Ҳамсуҳбати дигари мо пажуҳишгар Дилшод Раҳимӣ зимни суҳбат дар мавриди ҷашни Сада мегӯяд, ки ин ҷашни таърихӣ на танҳо дар кишвари мо балки фаротар аз он таҷлил мегардад. Ба иттилои мавсуф Сада дар Ҳиндустон низ ба гунаи ҷашни кишоварзон таҷлил мегардад.
Профессор Мухамадазим Бобохонов устоди кафедраи таърих ва хукуки Донишгохи аграрии Точикистон ба номи Шириншох Шохтемур мегуяд, ки ҷашни Сада ва дар баробари он ҳама ҷашнҳои миллӣ асосан иди кишоварзон аст. Зеро ҳама ҷашнҳои чоргонаи мо-Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада ба ҳаракати ҷирмҳои осмониву боду ҳаво иртибот дорад, ки фаъолияти марди деҳқон низ вобастагӣ ба он дорад. Ин ҳамсуҳбати мо мегӯяд, ки Сада ин омодагии марди деҳқон ба фасли баҳор аст.
Пажуҳишгар Дилшод Раҳимӣ мегӯяд, ки Сада низ чун Наврӯз вижагиҳои худро дорад, гарчанде бештари онҳо аз байн рафта бошад ҳам, имрӯз баъзе аз суннатҳои Сада дар байни мардум роиҷ аст.
Коршинос Рамазон Шарифзода аз Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур мегуяд, ки бо омад-омади ҷашни Сада деҳқон низ, аз корҳои кишоварзии соли гузашта натиҷагирӣ карда, ба мавсими нав тайёрӣ мебинад, яне Сада иди мужда аз тайёрӣ ва пеша намудани корҳои нави кишоварзӣ маҳсуб мешавад.
Истиқлоли давлатӣ барои мардуми куҳанбунёди тоҷик имкони таърихие фароҳам овард, ки анъанаҳои фарҳангӣ ва ҷашнҳои миллии худро дар шаклу муҳтавои наву замонавӣ эҳё ва таҷлил намоянд.
Инак, соли шашум аст, ки дар кишвар ин ойини мардумӣ ҷашн гирифта мешавад ва дар рӯзҳои баргузории он намоиши ниҳолҳо, меваю сабзавот, навъҳои гуногуни таомҳои миллӣ ва таҷҳизоту техникаи кишоварзӣ ба роҳ монда шуда, маҳсули заҳмати деҳқонону ҳунармандон ба маърази диққати мардум гузошта мешавад. Ҷашни Сада марди деҳқонро водор месозад, ки омодагиро ба фасли баҳор оғоз намояд, ҷӯю заҳбурҳоро тоза кунад, ниҳолҳои мевадору ороишӣ шинонад ва тухмии серҳосил интихоб кунад. Дар баробари ин, аз корҳои кишоварзии соли гузашта натиҷагирӣ карда, аз ҳозир барои рӯёнидани ҳосили фаровон ва боз ҳам беҳтар гардонидани таъминоти сокинони кишвар бо маҳсулоти озуқа замина гузорад.
Дар доираи иҷрои ҷадвали баргузории фестивал, намоиш, ид ва озмунҳои анъана ва ҳунарҳои мардумӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2021, санаи 31.01.2021 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи А.Фирдавсии шаҳри Душанбе “Иди Сада ва баргузории намоиши ниҳолҳою тухмии зироатҳои кишоварзӣ” баргузор мегардад. Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷашни “Сада” намоиши ниҳолҳою тухмии зироатҳои кишоварзиро ба роҳ мемонад. Инчунин дар ин рӯз афрухтани гулханҳо, намоиши техникаю мошинолотҳои кишоварзӣ, гӯшаи тавсиядиҳии олимону мутахассисон оид ба омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, намоиши маҳсулоти кишоварзӣ,қисмати фарҳангӣ ва тақдими ҷоизаҳо ба фаъолони соҳа дарназар аст.
Марҳабо ба ҷашни «Сада»!
Муродулло Раҳимов, Радиои «Тоҷикистон»