Варзиш – барқарорсозӣ пас аз пандемия

Президенти Кумитаи байналмилалии олимпӣ Томас Бах дар як паёми худ ишора намуд, ки Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид бори дигар варзишро ҳамчун мусоидаткунандаи рушди устувор ва иқтидори онро барои саҳм гузоштан дар ноил шудан ба ҳадафҳои рушди устувор эътироф кардааст.

Томас Бах инчунин қайд намудааст, ки дар қарори Ассамблеяи генералии Созмони Милали Муттаҳид ҷанбаҳои гуногуни фаъолияти Кумитаи байналмилалии олимпӣ дарбар мегирад. Аз ҷумла, дар он аз давлатҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид даъват мешавад, ки ки варзиш ва тарбияи ҷисмониро ба нақшаҳои барқарорсозии худ пас аз пандемияи КОВИД-19 ва ба стратегияҳои миллии рушди устувори худ ворид кунанд.

Инчунин, дар қарори СММ боо як қадрдонии хоса ҳама Бозиҳои дарпешистодаи олимпӣ – Токио дар соли 2021, Пекин дар соли 2022, дар Париж дар соли 2024, дар Милано ва Кортинаи Италия дар соли 2026 ва дар Лос-Анҷелеси ИМА дар 2028, инчунин Бозиҳои олимпии наврасон, ки соли 2026 дар Дакар баргузор мешаванд, истиқбол мекунанд.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *