Давоми беш аз 10 соли охир дар Тоҷикистон коҳиши сатҳи нашъамандӣ миёни аҳолӣ ба мушоҳида расидаааст.
Тавре Директори Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳабибулло Воҳидзода дар як матлаби худ ишора кардааст, дар давоми ду даҳсола Агентӣ саҳми қобили таваҷҷуҳе дар талошҳои минтақавӣ, ба вижа барои мубориза бо тиҷорати ғайриқонунии маводи мухаддир комёб гардида, ба андозаи бесобиқа афзоиш ёфтани мусодираи маводи мухаддир дар кишвар ва аз нашъамандӣ эмин нигоҳ доштани милионҳо нафар одамон дар давлатҳои гуногуни ҷаҳон, пешгирии ҷиноятҳои зиёди вобаста ба мухаддирот мусоидат намуд.
“Ногуфта намонад, ки солҳои охир дар Тоҷикистон коҳиши сатҳи нашъамандӣ миёни аҳолӣ ба мушоҳида расида, шумораи беморони нашъаманд аз 8645 нафар дар соли 2008 то 5099 нафар ба ҳолати 1 январи соли 2021 расидааст, ки ба 41 фоиз баробар буда, дар муқоиса ба соли 2019 276 нафар ё 5,13 фоиз паст гардидааст”, – илова намудааст Воҳидзода Ҳ.
Ба иттилои муаллиф дар панҷ соли охир сатҳи нашъамандӣ 27,84 фоиз кам шудааст, ки сабаби он дар натиҷаи ҳамкории судманд баргузор намудани чорабиниҳои муштараки зиддимухаддиротӣ, аз ҷумла корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ба ин васила баланд гардидани маълумотнокии аҳолӣ оид ба оқибатҳои зарари нашъамандӣ, инчунин тартиби дуруст ба роҳ мондани бақайдгирии беморони нашъаманд дар марказҳои наркологӣ мебошад.