
Имрӯз 26-умин рӯзи соли 2021, сешанбе аст.
Обу ҳаво
Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, ки 26 январ дар шаҳри Душанбе ҳарорати ҳаво шабона 8-10° хунук, рӯзона 4+6° гарм мешавад. Дар НТҶ ҳавои камабр, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона 8-13° хунук, рӯзона 2+7° гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 9-14° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 15-20° хунук, рӯзона 0-5° хунук мешавад.
Барои имрӯз ҳаво дар шаҳри Хуҷанд тағйирёбандаи бебориш шуда, тормеғ (туман)-и тунук мефарояд. Ҳарорати ҳаво шабона 2-4° хунук рӯзона 3+5° гарм мешавад. Дар водиҳои вилояти Суғд шабона 0-5° хунук рӯзона 2+7°, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 10-15° хунук, рӯзона 0-5° хунук мешавад.
Ҳавои тағйирёбандаи бебориш ва фаромадани тумани тунук дар шаҳри Хоруғ дарназар аст. Ҳарорати ҳаво шабона 20-22° хунук, рӯзона 5-7° хунук мешавад. Ҳарорати ҳаво дар ғарби ВМКБ шабона 12-17° хунук, дар баъзе ноҳияҳо 20-25 хунук,рӯзона 2-7° хунук, дар шарқи вилоят шабона 27-32° хунук, дар баъзе ноҳияҳо то 35-40° хунук (дар мавзеи Булункӯл то 50-52° хунук), рӯзона 15-20° хунук, дар баъзе минтақаҳо то 23-28° хунук мешавад.
Ба иттилои Агентӣ имрӯз дар шаҳри Бохтар ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳарорати ҳаво шабона 3-5° хунук, рӯзона 6+8° гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳавои камабр, дар баъзе ҳолатҳо тағйирёбандаи бебориш шуда, дар водиҳо шабона 2-7° хунук, рӯзона 3+8° гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 6-11° хунук, рӯзона -1+4° мешавад.
Қурби асъор
Бонки миллии Тоҷикистон 26 январ қурби расмии асъори хориҷиро бо мақсади ҳисобгирии муҳосибӣ ва пардохтҳои гумрукӣ чунин муайян кардааст: 1 доллари ИМА = 11.3000 сомонӣ, 1 евро = 13.7329, 1 рубли русӣ = 0.1489 сомонӣ.
Тақвими рӯз
Имрӯз дар соати 10:00 Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ироа мегардад.
26 январи соли 1788 шаҳри Сидней – аввалин шаҳри аврупоӣ дар Австралия таъсис дода шуд;
Ҳамин рӯзи соли 1905 дар Африқои Ҷанубӣ калонтарин алмос дар ҷаҳон пайдо карда шуд;
26 январи соли 2017 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон интихоб гардиданд;
Дар ин рӯзи соли 2018 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Шӯрои машваратӣ оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи XVIII Шӯро баргузор гардид. Яке аз масъалаҳое, ки дар ҷаласаи мазкур мавриди баррасӣ қарор дода шуд, натиҷаҳои таҳлил оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва соҳибкорӣ дар бахши бонкдорӣ ва молия мебошад;
Имрӯз дар ҷаҳон Рӯзи байналмилалии гумрук, дар Уганда Рӯзи озодӣ ва Рӯзи Ҷумҳурии Ҳиндустон таҷлил карда мешавад.