Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Федератсияи Россия корнамоиҳои ду зодаи Ттоҷикистонро қадрдонӣ кард.
Гуфта мешавад, ки аввали моҳи декабри соли 2020 дар оташ дар як бинои истиқоматӣ дар Всеволжск наздикии Санкт-Петербург бар асари таркиши балони газ рух дод ва Зариф Ниёзов бо Фарух Умаров фавран ба мардуми дохили он кӯмак карданд.
Ба иттилои Sputnik Ниёзов ва Умаров сарфи назар аз зиёд шудани хатар, сокинони тарсидаро аз манзили сӯхта кӯчонданд ва то омадани наҷотбахшон, онҳо ҳамроҳ бо ҳамсоягон саъй карданд, ки обро ба манзил рехта, оташро хомӯш кунанд.
Корнамоии қаҳрамононаи ду дӯст дар шабакаҳои иҷтимоӣ таблиғи васеъ пайдо кард. Корбарон ба ҷасорати ҷавонони тоҷик баҳои баланд доданд.
Ин манбаъ бо такя ба телевизионии МИР 24 қайд мекунад, ки баъдтар кормандони Вазорати ҳолатҳои фавқулода бо онҳо тамос гирифта, изҳори миннатдорӣ карданд ва ба онҳо мукофотҳои фахрӣ додаанд.