Сарбозони двизияи 201-и ФР-ро эмгузаронӣ мекунанд

Ба қисми низомии 201-и Федератсияи Русия дар Тоҷикистон 1100 дозаи воксина интиқол дода шуд.

Гуфта мешавад, ки дар навбати аввал кормандони беморхонаи 451-и Русия эм карда мешаванд ва баъдан миёни дигар хизматчиёни ҳарбӣ амалиёти эмгузаронӣ сурат мегирад.

Ба иттилои “РИА Новости” амалиёти эмгузаронии миёни табибони ҳарбӣ ва афсарони Округи марказии ҳарбӣ (ОМҲ) аз моҳи декабри соли гузашта оғоз шуда буд ва он то 25 феврал идома хоҳад ёфт. Тибқи ин нақша то миёнаҳои моҳи январи соли ҷорӣ беш аз 13 000 сарбозони ОМҲ ваксинизатсия шудаанд ва то охири моҳи оянда бояд 100 ҳазор сарбози ин марказ эм карда шавад.

Добавить комментарий

Ваш адрес email не будет опубликован. Обязательные поля помечены *