Аз мушоҳидаҳо аён аст, ки имрӯз мардум қоидаҳои санитариву гигениро нисбат ба мавҷи яккум дида камтар риоя мекунанд, ва ваҳму ҳаросашон низ камтар ба чашм мерасад. Равоншинос Зарина Сафарова мегӯяд, ки аз нишонаҳои каронавирус огоҳ будан ва ба ваҳму ҳарос дода нашудани мардум хуб аст, зеро аз ваҳм ҳолати рӯҳии нафари сироятёфта метавонад дучанд гардад.
“Қисми зиёде, ки ба ҳолати тарсу изроб ва таҳлука меафтанд ин шахсони ҳассос буда, нисбат ба худ боварӣ надоранд ва иродаи қавиашонро аз даст додаанд. Бояд дар хона дар муҳити фарзандон нишонаҳои каронавирусро фаҳмонем ва доир ба тарсу изтироб роҳ надодани онҳо ҳарф занем. Вақте, ки шахс дар бораи ин беморӣ маълумот дорад, қоидаҳои санитариву гигениро риоя мекунад, метавонад худро аз ин бемории сирояти ҳифз намояд”, – илова кард Заррина Сафарова.
Имрӯз ҳар як шарванд вазифадораст, ки ба хотири ҳифзи ҷони худу наздикон қоидаҳои санитариро риоя кунанд, ва ба ҳангомаву воҳимаҳои ноҷо дода нашавад. Ҳангоми аз хона берун омадан аз ниқоби муҳофизатӣ ҳатман истифода намуда, дар сурати пайдо гаштани нишонаҳои ин бемори ба табиб муроҷиат намояд. Ба қавли коршиносон дар айёми пандемия ҳифзи сиҳати омма аз ҳар як шаҳрванди кишвар сахт вобастагӣ дорад.
Гулрӯ Ниёзова,
Радиои “Тоҷикистон”