Дар мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021” дастаи мунтахаби наврасони Тоҷикистон оид ба футбол (U-17) бо тимҳои мунтахаби наврасони Булорус, Қазоқистон ва Молдова рақобат хоҳад кард.
Тавре ФФТ менависад, барои пирӯзӣ дар ин мусобиқа 4 дастаи мунтахаби наврасони соли таваллудашон на бештар аз 2004 талош мекунанд. Тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев дар 17-ум мусобиқаи байналмилалии “Ҷоми рушд-2021”, ки аз 31 январ то 6 феврал дар пойтахти Белорус – шаҳри Минск доир мегардад, иштирок карда, рӯзи 31 январ бо наврасони Қазоқистон, рӯзи 3 феврал бо ҳамсолони худ аз Молдова ва рӯзи 6 феврал бо соҳибони майдон – дастаи мунтахаби наврасони Беларус бозӣ мекунад.
Хотирасон мешавем, ки тими мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо роҳбарии сармураббӣ Аҳлиддин Турдиев аллакай омодагиро ба мусобиқаи мазкур дар базаи Академияи футболи Федератсияи футболи Тоҷикистон дар дараи Алмосии Ҳисор шуруъ кард. Шогирдони Аҳлиддин Турдиев соли гузашта дар “Ҷоми рушд” то финал баромада буданд.
Бояд гуфт, ки “Ҷоми рушд-2021” барои футболбозони навраси мо як марҳилаи омодагӣ ба Чемпионати Осиё маҳсуб меёбад. Дар 19-ум Чемпионати Осиё миёни наврасони то 17-сола, ки имсол дар Баҳрайн доир мешавад, Тоҷикистон дар гурӯҳи “В” бозӣ мекунад, ки ҳарифонаш дастаҳои мунтахаби наврасони Уммон, Яман ва АМА ҳастанд.