Дар ноҳияи Кӯшониён меҳмонхона бо арзиши лоиҳавии он 2 миллиону 773 ҳазор сомонӣ сохта мешавад.
Бинои меҳмонхона ва маркази саломатӣ, воқеъ дар шаҳраки Исмоили Сомонӣ, дидан намуд. Бинои мазкур дар асоси нақшаи чорабиниҳо ба муносибати ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи соҳибкори ноҳия бунёд шуда истодааст. Бинои меҳмонхона ва тарабхона дорои 14 ҳуҷра, 20 ҷойи хоб, ду толори маҷлисгоҳ, тарабхона барои 300 нафар, як адад маркази савдо буда, арзиши лоиҳавии он 2 миллиону 773 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.
Инчунин, аз тарафи соҳибкор сохтмони беморхонаи хусусии дорои 18 ҳуҷраи духтурон ва 25 ҳуҷраи хоби беморон босуръат идома дорад. Иншооти мазкур ба маблағи 2 миллиону 330 ҳазор сомонӣ сохта шуда истодааст. Тибқи нақша он дар арафаи ҷашни байналмилалии Наврӯз мавриди баҳрабардорӣ қарор дода мешавад.
Тавре аз сомонаи мақомоти вилояти Хатлон хабар додаанд, зимни сафари корӣ раиси вилоят Қурбон Ҳакимзода аз иншооти болозмкр ва инчунин дар маркази ноҳияи Кӯшониён аз рафти корҳои сохтмонӣ дар бинои шашошёнаи истиқоматӣ дидан намуд.
Сохтмони бинои мазкур дар доираи омодагиҳо ба таҷлили ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ аз ҷониби соҳибкори дигари ноҳия ба нақша гирифта шудааст. Корҳои сохтмонӣ моҳи январи соли 2020 оғоз гардида, дар ошёнаи якум маркази савдо ва дар ошёнаҳои 2-6-ум манзилҳои истиқоматӣ сохта мешаванд. Тибқи лоиҳа шумораи ҳуҷраҳо 30 ададро ташкил медиҳад. Ҳангоми ба истифода додани бинои мазкур дар маркази савдо 12 нафар сокинон ба кори доимӣ таъмин карда мешаванд.
Дар корҳои сохтмонӣ 20 нафар сокинони маҳаллӣ ба кор ҷалб карда шуданд.